Arzon march 2024
Ҳиндустон аз Хитой пеш гузашт
19.04.2023
Оила
830

Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, ба сераҳолитарин кишвари ҷаҳон табдил ёфт, навиштааст MarketWatch дар такя ба таҳлили худ дар бораи пешгӯиҳои СММ.

Тибқи маълумоти созмони мустақили World Population Review, то 17 апрел дар ин кишвар 1 миллиарду 425 миллиону 937 ҳазору 441 нафар зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки аҳолии Чин 1 миллиарду 425 миллиону 744 008 нафар мебошад. MarketWatch қайд кардааст, ки Ҳиндустон на танҳо аз рӯи миқдор, балки аз рӯи таркиби аҳолӣ дорои потенсиали бузурги иқтисодӣ мебошад.

Дар ин кишвар ба ҳар 100 нафар ахолии қобили кор 47 нафар ғайриқобили кор рост меояд, дар ҳоле, ки 25 сол пеш шумораи ғайриқобили корҳо 68 нафар буд. То соли 2048 ин таносуб ба 45 коҳиш ёфта, кишвар дар феҳристи кишварҳои дорои арзишҳои пасттарини ин нишондиҳанда аз 43-юм ба 23-юм мебарояд.

Нашрия инро бартарии бузург барои Ҳиндустон номидааст. Дар Чин ба ҳар 100 нафари қобили кор 45 ғайриқобили кор рост меояд (ҷойи 30-юм), аммо пас аз 25 сол ин рақам ба 68 нафар (ҷойи 146-ум) мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД