Arzon march 2024
ИМТИҲОНҲОИ ХАТМ БЕ ҲУЗУРИ ХОНАНДАГОН?
1475

Дирӯз бо роҳбарии Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19), сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷаласа доир гардид.

Дар он вобаста ба аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11 - и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қарор гардид, ки аттестатсияи хатми ин хонандагон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки онҳон баргузор карда шаваду баҳои аттестатсияи дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад.

Дар робита ба додани аттестати аъло ва нуқра бошад Ситод қарор қабул кард, ки он тибқи «Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» дода шавад. Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи «Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм  тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.

Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми кишвар дар 7309 синф аттестатсияи хатми 162026 нафар хонандаи синфи 9 ва дар 5517 синф аттестатсияи хатми 123565 нафар хонандаи синфи 11 дар назар дошта шудааст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД