12-уми августи соли 2026 яке аз падидаҳои нодири астрономӣ - гирифтани пурраи Офтоб ба амал меояд. Дар ин лаҳза Моҳ байни Замин ва Офтоб қарор гирифта, барои муддате гирди Офтобро пурра мепӯшонад.
Марҳилаи пурраи гирифтани Офтоб ҳадди аксар 2 дақиқаю 18 сония идома мекунад. Дар ин муддати кӯтоҳ дар баъзе минтақаҳо гӯё шаб дар миёни рӯз фаро мерасад, осмон торик шуда, дар атрофи диски пӯшидаи Офтоб тоҷи офтобӣ - қабатҳои берунии атмосфераи Офтоб намоён мегардад.
Роҳи гирифтани пурраи Офтоб аз Гренландия, Исландия, минтақаҳои шимолии Русия, шимоли Испания ва қисмати хурди Португалия мегузарад. Аз ҷумла, Исландия яке аз беҳтарин нуқтаҳо барои мушоҳидаи ин падида ба ҳисоб меравад.
Дар баъзе шаҳрҳои Аврупо гирифтани Офтоб қисман мушоҳида мешавад. Масалан, дар Лондон тақрибан 91 фоиз, дар Париж тақрибан 92 фоиз диски Офтоб аз ҷониби Моҳ пӯшида мешавад.
Ҳарчанд марҳилаи пурра танҳо чанд дақиқа давом мекунад, тамоми раванди гирифтани Офтоб беш аз чор соат идома хоҳад кард. Ин вақт ҳамаи марҳилаҳои падида, аз оғози гирифтани қисман то анҷоми онро дар бар мегирад.
Аммо барои сокинони Тоҷикистон ва Қазоқистон ин дафъа тамошои ин манзараи нодири осмонӣ имконнопазир нест, гирифтани Офтоби 12-уми август дар осмони ин ду кишвар мушоҳида нахоҳад шуд.
Гирифтани пурраи Офтоб яке аз таъсирбахштарин падидаҳои астрономӣ ба шумор меравад ва ҳар боре, ки чунин рӯйдод ба амал меояд, миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон барои мушоҳидаи чанд дақиқаи нодири «шаби рӯз» дида ба осмон медӯзанд.