Имрӯз дар чанд кӯчаи Душанбе
барқ хомӯш карда мешавад
Имрӯз сокинони чанд кӯчаи шаҳри Душанбе муввақатан бе барқ мемонанд. Интиқоли нерӯи барқ аз соати 9.00 то 12.00 дар иншоотҳое, ки ба зеристгоҳҳои Заводской, Гунбаз, Қаҳҳоров ва Афсарон пайваст мебошанд, қатъ мешавад.
Аз ҷумла дар:
Ноҳияи Исмоили Сомонӣ барқ дар кӯчаҳои Бухоро, Шевченко, Қаҳҳоров ва Рудакй хомӯш карда мешавад.
Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳҳоров, Сомон ва Гулпарвар бе барқ мемонанд.
Ноҳияи Сино: кӯчаҳои Р.Набиев, Ҷомӣ, Ҷ.Расулов, Борбад, Хуҷанд, Дарвоз, Фурӯзон, Чортут, Дилкушо.
Тавре ки аз Шабакаҳои тақсимотӣ хабар доданд, вобаста ба ҳаҷми кор, барқ метавонад зудтар аз вақти муқарраршуда барқарор шавад.