Имрӯз, 23-юми сентябр дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои се ноҳияи шаҳри Душанбе аз соати 09:00 то 17:00 интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Мувофиқи иттилои намояндагии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе, маҳдудияти барқ минтақаҳои зеринро фаро мегирад:
Ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Чилмеҳроб, Қуштеппа ва Яккатут.
Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаи Н. Қарабоев; маҳаллаҳои Гулпарвар, Шайнак, Ҳуго ва Навбаҳор.
Ноҳияи Сино: кӯчаҳои Шамсӣ ва Н. Махсум; маҳаллаҳои Навобод, Меҳробод, Калинин, Чортути Боло, Чортути Поён, Лаби Тол, Конститутсия ва Балх.
Ба иттилои манбаъ, қатъи муваққатии барқ ба корҳои таъмиру тармим ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон вобаста мебошад.