Дар ноҳияи Мастчоҳ бо ташаббуси имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ сохтмони ҳашт муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаҳои иншоот омода гардида, ҷойи сохтмони онҳо муайян шудааст.
Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, 21-уми октябр раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф шинос шудааст.
Кӯдакистонҳои нав вобаста ба лоиҳа барои фарогирии аз 120 то 200 кӯдак пешбинӣ шудаанд. Маблағи сохтмони ин муассисаҳо дар иттилои расмӣ зикр нашудааст.
Зимни сафар Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин бо рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ шинос шудааст.
Бинои нав аз 15 синфхона, утоқҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ иборат буда, барои таҳсили 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ба иттилои масъулон, айни замон корҳои андоваи бино идома доранд.
Бинои қаблии муассиса дар ҳолати ногувор қарор доштааст. Раиси вилоят ба масъулон дастур додааст, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи соҳавӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода шаванд.