Вабои нав, ки Чин ватанаш аст, љомеаи ҷаҳониро имрӯз ба ташвиш овардааст. Муромурии зиёд, сироятёбии беҳисоб. Фавти бармаҳал, садои доду вой ва гиряву фиғони мотамзадаҳо гӯши фалакро харошида истодааст, вале вирусро чӣ коре ба ин. Мечархаду мегираду мебарад ба абадиҳо.
Дар ҳамин шаб рӯз мо дар ҳолате зиндагӣ дорем, ки агар гӯянд пагоҳ замин фурӯ меравад, ҳатман ба ин бовар карда, дар фикри сохтани хонаи зеризаминӣ мешавем. Ҳатто, ақаллан як бор андеша намекунем, ки бо фурӯ рафтани замин он ба қаъри худ меафтад, на ҷойи дигар.
Баъд аз паҳн гардидани овозаҳои бардӯрӯғ аз қавли радиои барои мо бегонаи “Озодӣ”, ки гӯё қадами номубораки вируси корона ба Хуҷанди бостонӣ расидааст, мардуми мо ба он бовар карда, ба таҳлука афтиданд. Аксарият аз он тарс доштанд, ки бо хуруҷи ин беморӣ ва паҳни он дар кишвари мо карантин эълон мешаваду марказҳои савдоро мебанданд ва баъд гуруснагӣ ҳокими даврон мешавад.
Бо шунидани чунин овозаҳо бахти савдогарон хандид. Акнун чизи яксӯмаро даҳсӯмиву даҳсӯмаро панҷоҳсӯмӣ карда, мефурӯшанд. Аксарият ҳамон рӯз ба бозор рафта, маҳсулоти ниёзи аввалро, ки фурӯшандагон бо истифода аз “фурсати муносиб” даҳчанд карда мефурӯхтанду ҳатто маҳсулоти муҳлати истифодааш кайҳо гузаштаро ҳам, ки солҳои дароз дар анборҳо мехобид, бароварда, бешармона ба савдо монда будан, маҷбуран мехариданд. Ҳайратовар аст, ки аксарият яку якбора чанд халта орд харидорӣ кард, ба гуфти худашон барои рӯзи мабодо захира менамуданд. Ба фикри ман агар дигар халқу миллатҳо бо гирифтор шудан ба каронавирус вафот карда истода бошанд, халқи мо аз истеъмоли маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта, ки ба саломатиашон зарари ҷиддӣ мерасонад, ё аз баланд шудани нархи он (аниқтараш аз тарси гуруснагӣ) дилзанак мешаванд.
Ҳоло нархи як халта орд то ба 270 сомонӣ мерасад. Агар ҳамин тавр рафтан гираду сокинонои мо “пеш омаду хуш омад” гуфта, чун борони баҳорӣ ба болои халтаҳои орд резанд, нархи он ба 300 ва шояд 350 сомонӣ низ рафта расад.
Маълум аст, ки аксарияти аҳолии кишвар дар шароити на он қадар хуб зиндагӣ доранд. Дар ҳолати ин қадар баланд шудани нархи маҳсулот аҳволи онҳо чӣ мешуда бошад? Ҳатто оилаҳое ҳам ҳастанд, ки дар он танҳо як нафар кор мекунаду даромади кам дорад. Агар бо маоши гирифтааш, ки аксаран аз 400 то 700 сомонӣ аст, орд харад, боз равған мемонаду картошкаву пиёзу ва ғайраҳо ва ҳоказоҳо. Дар бораи гӯшт гап намезанем. Тасаввур кунед: як халта орд - 270 с., равған - 65 – 70 с., 1кг картошка – 10 с., 1 кг пиёз – 6 с., 1 кг помидор - 20 с.,1 кг бодиринг - 10 с.,1 кг сирпиёз - 80 с. Нархи дигараш маълум. Инҳо танҳо маҳсулоти ниёзи аввал буданд, ки ҷамъуҷамъ 455 сомонӣ арзиш доранд. Пас, фикр бояд карду чора ҷуст. Аҷиб ...