Маъмулан хушбӯиҳоро танҳо барои накҳати хушашон дӯст медоранд, вале дар баробари ин, онҳо барои саломатии инсон низ фоида доранд. Яке аз чунин давоҳо имбир мебошад, ки аҷали вирусу микробҳост. Мехоҳед донед, ки занҷабил, яъне имбир чӣ фоида дорад? Мутаваҷҷеҳ бошед!
Дар Ҳиндустони қадим имбир яке аз доруҳои хеле муфиде ба ҳисоб мерафт, ки энергияи махсуси шифобахш дорад. Дертар исбот шуд, ки имбир баданро аз дарун гарм мекунад ва дар мубориза ба муқобили вирусу микробҳо ёрӣ расонида, барои бартараф кардани бемориҳои вирусӣ кумак мерасонад. Имбир иммуностимулятори беҳтарин буда, қувваи муҳофизитии организм-иммунитетро баланд мебардорад. Имбир хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, спазмолитикӣ ва бедардсозанда дорад ва ба чандин бемориҳо даво аст. Имбирро чӣ гуна истифода мебаранд?
Барои гарм кардани пойҳои худ ва фарзандонатон дар фасли зимистон шумо метавонед занҷабили хушкро ба даруни ҷӯробҳо андозед.
Ҳангоми сулфаи тар нӯшидани шири гарм бо имбир (1/3 қошуқ) кумак мекунад. Барои халосӣ аз сулфаи хушк ва бронхит, шумо бояд шарбати имбири тару тозаро бо шарбати лимӯ омехта карда, ба он каме асал илова намоед.
Барои тоза кардани роҳҳои нафас 1-2 қатра равғани эфирии имбирро ба оби гарм андохта, бӯғи онро муддати 5-7 дақиқа нафас кашидан лозим аст.