Тибқи иттилои сомонаи www.forbes.ru, айни замон «Роҳзанҳои баҳри Кариб: дар соҳилҳои аҷоиб» (Pirates of the Caribbean: On Stranger Tides) дар таҳияи коргардон Роб Маршалл гаронарзиштарин филми олам ба ҳисоб меравад.
Буҷети ин филм 379 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тавре зикр мегардад, теъдоди зиёди саҳнаҳои наворбардорӣ, истифодаи камераҳои 3D ва таҳияи эффектҳои визуалӣ аз ҷониби даҳ ширкати маъруф боиси хароҷоти зиёд гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари сомонаи Box Office Mojo, филми мазкур дар намоиши ҷаҳонӣ 1 миллиарду 46 миллиону 721 ҳазору 266 доллар ҷамъ оварда, миёни сердаромадтарин филмҳои соли 2011 мавқеи сеюмро ишғол намуд.