Гурӯҳи тадқиқотии Informa Connect Academy, ки бузургтарин сарватҳоро пайгирӣ мекунад, ба хулосае омадаанд, ки агар сарвати Илон Маск бо чунин суръат афзоиш ёбад, то соли 2027 вай аввалин триллиондори сайёра мешавад.
Ин хулоса ба он асос ёфтааст, ки сарвати Маск дар як сол ба ҳисоби миёна 110% меафзояд. Ҳоло боигарии ӯ ба 251 миллиард доллар расидааст.
Илон Маск раҳбари ширкати Tesla, ширкати мушакии SpaceX ва шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) мебошад. Тибқи гузориши Bloomberg Billionaires Index, Маск сарватмандтарин шахси сайёра ба ҳисоб меравад. Ӯ ба рӯйхати 75 нафар шахсони бонуфузи садаи XXI дохил мешавад.