formula
Ҷилои ситораи ҳунар
565


Имрӯз яке аз сарояндаҳои маҳбуби кишвар Ҷонибек Муродов, писари овозхони маъруф, устоди ҳунар, Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов ҷашни зодрӯз дорад.

Ҷонибек Муродов 29-уми майи соли 1986 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ба дунё омадааст. Соли 2003 Ҷонибек мактаби миёнаи СОМНИН-ро хатм карда, ба коллеҷ дохил шуд. Солҳои 2006-2007 Ҷонибек Муродов узви гурӯҳи "Вазир" буд, вале баъдан ба танҳоӣ фаъолияти ҳунарии худро идома дода, тавонист дар як муддати кӯтоҳ бо сурудҳои дилнишину гуворояш дар дили хурду калон ҷой гирад.

Ҷонибек Муродов ҳамчун ҳунарманди асил натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ шӯҳрату маҳбубияти зиёд дошта, дар бузургтарин шаҳрҳои олам аз қабили Берлинг, Лондон, Лос-Анҷелес ва Ню-Йорк барномаҳои калони ҳунарӣ баргузор намудааст.
Ахиран Ҷонбек Муродов як таронаи наваш, ки дар ҳамовозӣ бо Валиҷон Азизов сурудааст, дар Ютуб- канали JM Company пешкаши мухлисон гардонд.

Мо Ҷонибек Муродовро аз номи аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ сидқан ба ҷашни милодаш муборакбод гуфта, барояш тани сиҳату умри дароз ва дар корҳои эҷодиаш бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоем. Умедворем, ки дар оянда Ҷонибек боз ҳам бо сурудҳои дилнишини худ барои рушди санъати тоҷик саҳмӣ беназир мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД