Arzon march 2024
ҲИЛЛАВУ НАЙРАНГИ ЗАНҲОИ МАККОРА БА КОР НАРАФТ
2954

 

Бонувони тоҷик бо рафтори ҳамида, дасту дили пок ва меҳрубонию ростқавлиашон шӯҳраи олам гаштаанд, аммо хонумҳои маккорае ҳастанд, ки бо рафтору кирдори номатлубашон ба номи неки зани тоҷик иснод меоранд. Ин тоифаи занҳои мардумфиреб бо ҳиллаву найранг одамони содадилро ба доми худ афканда, ба қавле “хунашонро мемаканд” ва баъди аз худ намудани пулу моли дигарон бе ному нишон ғайб мезананд. Ҳодисаҳои дар рӯзҳои аввали соли 2021 рӯй дода делели равшани ин гуфтаҳоянд.

Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав зани 35-солае муроҷиат карда, аз болои зани 67-солаи сокини ҳамин ноҳия шикоят намудааст. Ба гуфти ҷабрдида, ин зани солхӯрда ҳанӯз моҳи марти соли 2017 бо ваъдаҳои осмонӣ 7000 доллари амрикоии ӯро гирифта, маблағро то имрӯз бар нагардонидааст. Қурбонии дигари занҳои мардумфиреб як сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки бо дасти худ 160000 сомониро ба як зани маккора дода, то имрӯз аз пасаш давида мегардад. Бонуи фиребгари 31-сола бар ивази 160 ҳазор сомонӣ ба ин зани зудбовар дар наздикии бозори Меҳргон хона ваъда карда буд, аммо аз байн 5 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол на аз пул дарак аст, на аз манзили ваъдагӣ.

Содадилию зудбоварии қурбонии сеюми занҳои мардумфиребро шунида, кас ангушти ҳайрат мегазад. Ин зани 50-сола рӯзи 3-январи соли 2020 мошини тамғаи “Лексус”-и худро, ки қариб сад ҳазор сомонӣ арзиш дошт, бо ду дасти адаб ба як зани 41-солаи сокини пойтахт бароварда додааст.

Зани фиребгар мошинро бо нархи 74000 ба каси дигар сомонӣ фурӯхта бошад ҳам, соҳиби “Лексус”-ро “кидат” карда, ҳатто як сум ҳам надодааст. Аз рӯйи ин се ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД