Ҳамасола дар зинаи таҳсилоти олии касбии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи холҳои ба дастовардаашон муайян карда мешавад.
Дар минтақаҳои кишвар сатҳи аз худкунӣ ва сифати таълим дар маҷмуъ якранг ҳастанд, ки аз 78 то 80 фоизро ташкил медиҳад. Дар ВМКБ нисбат ба дигар минатқаҳо 2, 5 фоиз азхудкунии сатҳу сифати таълим баландтар аст. Дар шаҳри Душанбе 78 -80 фоиз, НТМ 79-80, вилояти Хатлон 78-80 фоиз, вилояти Суғд 76-78 ва ВМКБ 80-82 фоиз фарқият дида мешавад. Вале дар айни замон аз рӯи шумораи иштироки хонандагони ВКМБ дар оилимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, барои гирифтани медали тилло ва аттестати сурхи намунаи давлатӣ нишондиҳандаҳояшон камтар аст.
Икром Субхонзода, Раиси Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза ин нуқтаро қайд кард.
Муайян кардани сатҳу сифати таълим, муайян кардани фоизи аз худкунӣ ва муқоиса ба давраи пешин ва минтақа низ вазифаи муҳими агентии мазкур маҳсуб меёбад. Номбурда ҳамчунин иброз намуда, ки дар шаш моҳи аввали соли равон 10 ҳуҷҷати қалбакӣ пайдо гардида, барои тафтиш ба мақомоти дахлдор супорида шуд.
"Баробарарзиш аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳое ба роҳ монда тасдиқ карда мешавад, ки шаҳрвандони мо ё дигар шаҳрвандон дар хориҷи кишвар зинаи таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро хатм кардаанду ба мо дар доираи талабот ариза барои тасдиқ, эътироф ва барбарарзиш пешниҳод мекунанд ва мо пеш аз тасдиқ ҳатман дархост мекунем, ба ҳамон муассисае, ки гӯё ҳамин шаҳрванд хатм кардааст. Ҳуҷҷатҳое қалбакие, ки пайдо карда шуд, асосан шаҳрвандони хоричӣ ҳастанд ва аз миёни шаҳрвандони мо чунин ҳуҷҷат ба қайд гирифта нашудааст", гуфт номбурда.