Маҳсулоти лозима:
Ҷигари гов – 600 грам;
Тухм – 1 дона;
Пиёз – 1 дона;
Сирпиёз – 3 дандона;
Шакар – 1 қошуқча;
Намак – 1 қошуқча (нопурра);
Сода – 0,5 қошуқча;
Каме равған ва орди ҷуворимакка
Тарзи таҳия
Ҷигарро шуста пӯсташро бурида мегирем ва калон-калон мебурем. Дар зарфе тухм, намак, шакар, сода ва сирпиёзи куфтаро меомезем, сипас онро ба ҷигар хуб омехта карда, муддати 2 соат дар яхдон мемонем. Онро як шабонарӯз дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст.
Пиёзро нимҳалқа реза карда мезирбонем ва аз тоба ба зарфе мегирем. Ҳар як тикаи ҷигарро бо орд ҷӯлонда, баъд дар ҳамон равғане, ки пиёзро бирён карда будем, мезирбонем.
Ҳар як тарафи пораҳои ҷигарро 3-дақиқагӣ сурх карда, баъд пиёзи зирбондаамонро меандозем ва болои дегро бо сарпӯш пӯшонда, 5 дақиқа дам мепартоем. Як пораи ҷигарро мебурем, агар дарунаш гулобӣ набошад, ғизо тайёр аст.
Иштиҳои том!