Замони наҳси ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромӯш намешавад. Зеро ин ҷанги бародаркуш ҳазорҳо нафарро шаҳид, ҳазорон занро бева ва даҳҳо ҳазор кӯдакони бегуноҳро ба азоби ятимӣ гирифтор сохт.
Он замон тафриқаангезону бадхоҳони миллат ҳар рӯз бо ҳар гуна баҳона миёни мардум ҷудоӣ андохта, ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва майдонҳои ташкилнамудаашон ҷалб мекарданд. Онҳо мехостанд ақидаву ниятҳои нопоку муғризонаи худро бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон амалӣ намоянд. Аз ин рӯ, дар маркази шаҳри Душанбе майдонеро бо номи “Шаҳидон” ташкил намуданд. Дар муқобили онҳо бо тарафдорони ҳукумати қонунӣ ва кишвари озоду демократӣ майдони “Озодӣ” ташкил ёфт, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада буданд. Салим Ҳакимов яке аз ҷонибдорони ҳамонвақтаи ин майдон зимни суҳбат бо “Оила” аз ҳодисаву воқеаҳои он давр қисса намуд.
“Нест бод!”-ҳо
Аз ҳамон вақте ки дар кишвар нооромиҳо сар заданду майдонҳо ташкил ёфтанд, ҳамарӯза тариқи ВАО ҷонибдорони ҳарду майдон баромад намуда, халқро даъват мекарданд. 21-уми апрели соли 1991 аҳли ҷамоати деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан се нафар зиёӣ - Салим Ҳакимов, Махсуда Муминова ва Махсуд Почоевро барои тарафдории майдони “Озодӣ” ҳамчун намоянда фиристоданд.
“Дар мактаб бо иштироки халқ маҷлиси умумӣ доир гашт. Дар маҷлис ба қароре омаданд, ки мо се нафарро ҳамчун намоянда барои ҷонибдории майдони "Озодӣ" мефиристанд. Пагоҳии барвақт тариқи роҳи оҳани "Ховос" мо ба роҳ баромадем. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат миёни тарафдорони майдони "Озоди"-ву "Шаҳидон" баҳсҳои зиёде ба амал меомаданд. Чун ба қатора нишастем, ҳамсафарони мо аз мақсадамон огоҳ гашта, то расидан ба марказ бо мо дар баҳс шуданд. Дар ҳама ҷо ҷонибдорони кишвари озоду демократӣ бо шиори "Лаънат ба оппозитсия", "Нест бод оппазитсия" баромад мекарданд. Зеро чунин оппозитсияҳо боиси нооромии кишвар гардида буданд. Созмондиҳандагони майдони "Шаҳидон" бо ҳар роҳу восита мехостанд мардуми оддиро гумроҳ намуда, ақидаҳои нопоки худро таҳмил диҳанд"- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Се нафар намояндаи деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан баъди расидан ба шаҳри Душанбе қарори маҷлиси умумии халқро ба маҷлиси намояндагон месупоранд. Қарорро худи Сафаралӣ Кенҷаев гирифта, барои ҷонибдории майдони "Озодӣ" изҳори сипос менамояд.
Аз саҳар то бегоҳ дар майдон
Дар майдони "Озодӣ"-ву "Шаҳидон" издиҳом ҷамъ омада, ҳар яке тарафдори ақидаи худ буданд. Ҳар ду майдон рӯз то бегоҳ, ҳатто шабона пур аз одам буд. Он ҷо хаймаҳо зада, аз номи шаҳру ноҳияҳои худ баромад мекарданд. Тавре ки қаҳрамони мо нақл кард:
"Майдони "Озодӣ" дар назди бинои Совети вазирон ташкил ёфта буд. Дар он тамоми тарафдорони сохти конститутсионӣ иштирок доштанд. Мо ҳар пагоҳӣ аз соати 06:00 аз назди минбар гузашта, тарафдории худро ба давлати соҳибистиқлол баён медоштем. Майдони "Шаҳидон" низ пур аз одам буд. Онҳо низ дар хаймаҳо шабро рӯз мекарданд. Ҳатто ҳамон ҷо хӯрок пӯхта, тановул мекарданд", - аз он рӯзҳои вазнин ёд овард Салим Ҳакимов.
Назар ба гуфти қаҳрамони мо, мардуми оддӣ то ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду роҳи сарбаста қарор доштанд. Пас аз раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани ин шахсияти сиёсӣ мардум бо ҳамдилию ҳамраъйӣ ва эътимоди бузург дар атрофи ин марди наҷиб ҷамъ омада, барои эҳёи Тоҷикистони озод даст ба ҳам доданд.
Саодати меҳан
Дар Тоҷикистон ҳарчанд фаъолияти гурӯҳҳои оппозитсионӣ қатъ гардида бошад ҳам, вале ҳанӯз сулҳи комил ин диёрро фаро нагирифта буд. Тамоми халқи тоҷик рӯзи ба имзо расидани ҳуҷҷати истиқрори сулҳро мунтазир буданд ва ниҳоят он рӯзи деринтизор фаро расид.
"Вақте ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва "Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" ба имзо расид ва хабари он тавассути радио паҳн шуд, тамоми халқи ҷумҳуриро хушнудии беандоза фаро гирифт. Аввалин рӯзи ба ваҳдати комил расидан, Тоҷикистон воқеан ҷашни бузург дошт. Аз ҳамон вақт сар карда мардуми ин кишвари тамаддунофар даст ба ҳам дода барои ободу зебо кардан ва ба як кишвари мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон кӯшиш намуданд. Халқ дарк кард, ки воқеан ваҳдати миллӣ саодати меҳан аст,"-гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ҳамагон хуб медонем, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ бо баҳои андак сазовор нашудаем. Ҳазорҳо нафар бо орзуи дидани ин фазои орому обод зери хок шуданд. Пас, ҳифз кардани субботи ҷомеа ва сулҳу оромии ин ватан, на танҳо вазифа, балки қарзи имониву виҷдонии мост.
Аз идора: Аҳли эҷоди сомона тамоми ҳамватанони азизро ба саннаи фархундаи 26-умин солгарди Ваҳдати миллии кишвар таҳният гуфта, ба ҳар хонадон файз ва ба кишвар баракат мехоҳад.