Имрӯз, 27-уми август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд.
Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад.
Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.
Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Дар маҷмуъ ҳайати омӯзгорон имкон доранд, ки дар нуҳ шуъбаи фаъолияткунанда навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунару истеъдодро ба шогирдон омӯзонанд.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, пудратчӣ ҶДММ «СТС ИНШООТ» мебошад ва корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандис-лоиҳакаш» сурат гирифтааст.
Ба бунёди иншооти мазкур 136 нафар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ анҷом дода шудааст.