formula feb 2025
Идомаи хатсайр: Аз “Лолазори Данғара” то шаҳри зебову хуррами Норак
216

Тавре қаблан хабар дода будем, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми апрели соли 2025 дар майдони “Истиқлол” бо мақсади оғози мавсими саёҳати дохилӣ хатсайрҳоро ба роҳ монд.

Дар доираи ташаббуси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, васоити ахбори омма ва блогерон ба мавзеъҳои гуногуни сайёҳии ҷумҳурӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ сафарбар карда шуданд.

Мо дар мавриди рӯзи аввали сафар гузориши мухтасар таҳия кардаву ба нашр расонида будем.

Рӯзи дуюми сафар иштирокдорони хатсайр аз меҳмонхонаи “Бохтариён”-и шаҳри Бохтар ба сӯйи ноҳияи Данғара раҳсипор шуданд. Ҳама иштирокчиён бо шавқу завқ интизори расидан ба яке аз мавзеҳои зебову машҳури ноҳияи Данғара бо номи “Лолазори Данғара” буданд.

Баъди расидан ба “Лолазори Данғара” ҳамаи иштирокчиён мафтуни ин мавзеи зебо гардида, аксгириву наворбардорӣ мекарданд. Дар ҳақиқат ин табиати зебо водор месозад, ки соатҳо тамошо кардаву лаззат бубарӣ.

Баъди соатҳои сайри ин лолазор иштирокчиёни хатсайр раҳсипор шуданд ҷониби табиати сабзу хуррами шаҳри Норак. Ба Норак расида, аз дидани табиат лаззат бурданду дар ҳавои тоза истироҳат карданд.

Бо ҳамин рӯзи дуюми сафар низ ба охир расиду ҳама иштирокчиён ба сӯйи шаҳри Душанбе раҳсипор шуданд.

Ҳамаи иштирокчиёни хатсайр ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили чунин як сафари хуб ва тамошои мавзеҳои зебову сайёҳии кишварамон изҳори миннатдорӣ карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД