Arzon march 2024
Гузаронидани кадом маъракаҳо манъ аст?
5411

Тобистон айёми тӯю маъракаҳост ва имрӯзҳо одамони зиёде зимни гузаронидани маҳфилҳои хурсандӣ ба зиёдаравӣ роҳ дода, барои вайрон кардани қонуни танзим ҷарима карда мешаванд. Аз ҷумла, субҳи имрӯз хабари ҷарима шудани қудои овозхони маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова барои бодабдаба гузаронидани фотиҳатӯйи духтараш расонаӣ гашт. Ба хотири пешгирӣ намудани чунин амалҳо мо дар бораи маъракаҳое маълумот медиҳем, ки гузарониданашон манъ мебошад.

1. Мувофиқи тағйироти ба “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридшуда, тӯйи домодию арӯсӣ бо гузарондани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

2. Маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ мебошанд.

3. Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

4. Маросими хатнасур дар доираи оила бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад. Хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронда мешавад.

5. Номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд. Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.

6. Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

7. Дар Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва идгардак манъ аст.

8. Гуселу пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронда мешаванд. Ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи ин маъракаҳо метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.

9. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй манъ мебошанд.

10. Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД