Рӯзҳои охир якбора бениҳоят хунук шудани ҳаво ва боридани барфи шадид натанҳо ба одамон, балки ба ҷонварон низ бе таъсир намонд.
Даррандаҳо дар чунин ҳавои сард дар кӯҳҳо ба худ хӯроке наёфта, рӯ ба водиҳо овардаанд ва ба деҳаҳо ҳамла мекунанд. Галаи гургон, ки шумораашон 5-6 сар будааст, тахминан соатҳои 10-и шаби 13-уми январ ба маҳаллаи Азизободи ҷамоати деҳоти Масчоҳи ноҳияи Масчоҳ ҳамла кардаанд...
Ҳамлаи галаи гургон ба ноҳияи Мастчоҳ дар ин рӯзҳои барфӣ боиси нигаронии сокинони маҳаллӣ гаштааст. Галаи гургон, ки шумораашон ба гуфти сокинони маҳаллӣ 5-6 сар будааст, тахминан соатҳои 10-и шаби 13-уми январ ба маҳаллаи Азизободи ҷамоати деҳоти Масчоҳи ноҳияи Масчоҳ ҳамла кардаанд.
Ба гуфти Борбад Баҳромзода, хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” гургҳо ба мурғхонаи ҳамсояшон ҳамла кардаанд, вале сагҳои маҳалла ва ҳамсояҳо даррандагонро гурезондаанд.
Хушбахтона, мурғҳо ва бузу гусфандони аҳли маҳалла аз ҳамлаи галаи гургон эмин мондаанд, вале даррандаҳои гурусна ду сагчаро кушта, модарашонро захмӣ кардаанд.
Галаи гургонро дигар шоҳидон низ дидаанд ва иддао доранд, ки рӯзона низ ин даррандагон дар наздикии маҳалла дар заминҳои ишоварзӣ ба чашм мерасиданд.
Маъмулан вақте зимистон ниҳоят хунук меояд, даррандагон ба худ хӯрок наёфта, аз гуруснагӣ аз кӯҳҳо ба водиҳо мефароянд ва ба моли марум, махсусан ба чорвои майда аз қабили бузу гуфсанд ва мурғон ҳамла мекунанд. Аз шиддати гуруснагию сармо дар фасли зимистон даррандаҳо ваҳшитар мешаванд ва эҳтимоли ба одамон, хоса кӯдакон дарафтоданашон вуҷуд дорад.
Аз ҳамин хотир Исматулло Қозизода, сардори бахши ноҳиявии кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Мастчоҳ сокинони маҳаллиро ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бидуни зарурат ба кӯҳу пушта набароянд, танҳо саругашт накунанд ва кӯдакони хурдсоли худро бе назорат нагузоранд. Шабона дари оғил ва мурғхонаҳоятонро маҳкам кунед ва танҳо ба берун набароед,-мегӯяд Қозизода.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи гургон ба маҳаллаҳои одамнишин бори аввал ва танҳо дар ноҳияи Мастчоҳ нест. Соли гузашта дар фасли тобистон дар деҳаи Басмандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич гургҳо чанд сар гӯсфанди сокинони деҳаро кушта буданд. Чанд сол пештар бошад, дар Бадахшон як кӯдаки сесоларо гург хӯрда буд ва ин ҳодиса сару садоҳои зиёдеро ба миён овард.
Аз ҳамин хотир, мо аз тамоми сокинони деҳот, хоса онҳое, ки дар дедаҳои кӯҳӣ умр ба сар мебаранд, хоҳиш мекунем, ки эҳтиёткор бошанд ва аҳли оила, фарзандон ва чорвои худро аз ҳамлаи гургу хирс ва дигар даррандагон эмин нигоҳ доранд.
Ф. Муродӣ