Arzon accountant
Гурги гушна (ҚИСМИ 1)
3564

Ман зода ва парвардаи домони як ноҳияи сарҳадии кишвар мебошам. Ростӣ, саводи хуб доштам, аммо ба хотири ишқ, ба хотири марде, ки имрўз дар нигоҳаш ҳеҷ кас ҳастам, аз баҳри хондану ташаккул додани шахсияти худам гузаштам. Ҳоло мехоҳам дарди дили хешро рўйи коғаз биёрам, шояд он аҷиб нест. Шояд он сарнавишти даҳҳо нафар занони тоҷик аст, ки ҳамқисмати мананд, аммо бовар дорам, ки судманд хоҳад буд. Шояд он андешаи як нафарро дигар кунад, мақсади ман ҳамин аст…

Ишқи кўдакӣ

Бо Шараф дар як кўча зиндагӣ мекардем, ў аз ман ду сол калон аст. Вақте ки аввалин бор вохӯрдем, ман синфи ҳашт мехондаму ў дар синфи даҳ. Ман барои ў кӣ будам намедонам, вале ў барои ман дунё буд. Дунёе, ки ҳатто хоки пояшро ба касе иваз намекардам. Сатҳи зиндагии оилаҳои мо як хел буд, аммо модари Шараф маро келин кардан намехост, “қадаш пасту худаш безеб, ба писари ман арзанда нест”, байни занони деҳа дар як маърака эълон кардааст ў. Модарам маро наздаш хонда, мушташро гиреҳ карду ба сарам чор панҷто зада гуфт:

- Бар зотат лаънат, ту барин духтара, ин чӣ бало буд, ки ба сарам овардӣ. Беваи Зика назди ҳама эълон кардааст, ки Гулчеҳра ба Шараф зебанда нест ва келинаш намегирам. Чӣ ман барои хонаи бўйини беваи Зика ва шавҳари ғараш мурдам? Оё ман барои ёздаҳ сағираи беваи Зика хизматгор таваллуд кардааам, чашмони бозингарат дар гўр, ту барин духтара, наход ту ин қадар беҳаё бошӣ?!

Ман аввал гиристам ва баъд бо овози баланд гуфтам:

- Оча, бачаи ҳамон беваи Зикаи мегуфтаат барои ман мемирад ва ман ғайри ў ба каси дигар намерасам, чӣ хел фаҳмидӣ?!

- Майлаш беҳаё, ман худам туро бурда, ба хокистартӯдаи беваи Зика мепартоям, лекин аз хотират набарор, зиндагии хубу осоиштаро намебинӣ!

Кош, ҳамон вақт ақли солим медоштам ва ба ҳарфи модари ҷонам гўш меандохтам, сад афсӯс…

Хостгории маҷбурӣ

Ман ҳама гапи модарашро нарезондаю начаконда, ба Шараф расонидам, ў маро ба оғўш гирифта, ором кард, ки касе монеаи ишқи мо шуда наметавонад, на модараму на падарам!

Бо хоҳишу истодагарии Шараф падараш ба хонаи мо хостгорӣ омад, падарам ризо шуд, зеро ман забони онҳоро кўтоҳ карда будам. Дар деҳа ҳама аз ишқи ману Шараф огоҳ буд ва касе дигар хушдори ман намешуд. Хушдоманам ҳатто дар сарупобиёрӣ наомад.

Тӯйи мо хеле хоксорона гузашт. Дар хонаи хушдоман ман чурӣ будам, хизматгор, канизи беҳуқуқ. Шавҳарам дар маркази вилоят кор мекард, баъди хатми донишгоҳ ўро бо роҳхат ба ҳамон ҷо фиристода буданд. Худо мегуфтам, ки хушдоману хусурам маро назди ў фиристанд ва ман нафаси осуда кашам, аммо…

Шаш духтари хонавода шавҳар карда рафтанд, чор додаршўямро зан додем, аммо ҳамаро хонаи алоҳида карда, ҷудо мекарданду маро не. Ман хизматгори аҳли хонадони шавҳар будам. Шарафро дар як ҳафта як бор, агар кораш бисёр бошад, дар ду ҳафта як бор медидам. Чор фарзандам бе меҳру муҳаббати падар ба воя расидаанд, онҳо аз ману падарашон дида ба бибию бобояшон зиёдтар меҳр доранд.

Хушдоманам ҳамеша мрао таъна мекард, ки ту сари писарамро гаранг карда гирифтӣ. Ман он қадар безеб нестам, шавҳарам қадбаланду ман қадпаст ҳастам, аммо дурии шавҳар, гаронии рўзгор, таънаи дўсту душман маро харобу ҳазин карданд.

ШОҲБӢ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД