arzon november
Гурдаатро фурӯшӣ ба дӯзах меафтӣ?
423


Мо як бемори гурда дорем ва табибон мегӯянд, ки ба пайванди гурда ниёз дорад. Шахсе розӣ шуд, ки бар ивази 25 ҳазор доллар гурдаашро диҳад. Мехостем донем, ки аз назари дини мубини ислом ин кор ҷоиз аст?

Маҳкамбой, н. Шаҳринав.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Пайванд намудани гурда барои касе, ки ба он ниёз дорад, ҷоиз аст, агар гурда бо роҳи мубоҳ ба даст оварда шавад, яъне агар гурда аз шахси фавтида гирифта шуда бошад. Аз назари дини ислом барои инсон ҷоиз нест, ки гурда ва ё узве аз аъзои баданашро фурӯшад, зеро дар ҳаққи касе, ки шахси озодеро (ҳамчун ғулом) фурӯхта, пули онро мехӯрад, таҳдид омадааст ва фурӯхтани узви бадан ба он таҳдид дохил аст, зеро инсон бар бадан ва узвҳои худ моликият надорад. Барои он ки ин кор барои хариду фурӯши узвҳо василае нагардад ва ҳамчунин боиси таҷовуз ба мардуми заиф ва дуздидани гурдаҳои онҳо ба хотири пул нагардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД