Хоб дидам, ки ману модарам дар хонаи ҳамсояамон ҳастем. Модарам як гурбаи калонро ба ман нишон дода гуфтанд, ки гир, инро ба хонаи худамон бар. Гурбаро бағал карда ба хона бурданӣ шудам, вале раҳораҳ ҷонвар дастонамро бо хашм мехарошид, мегазид ва меканд. Ба хонаи бибиам даромадам ва хостам аз сари девор гурбаро ба хонаи худамон партоям, аммо гурба бо ханҷолҳояш маҳкам ба танам часпида буд ва ҳеҷ аз ман ҷудо шудан намехост. Хулоса, бо сад азоб гурбаро аз худам ҷудо карда аз сари девор ба ҳавлиамон партофтам, вале дастонамро сахт харошид ва ман аз дарди ҷонкоҳ додгӯён аз хоб бедор шудам. Мехоҳам донам, ки таъбири хобам чист?
Замира, ш. Душанбе
Замирабону, дар аксари хобномаҳо гурба дар хоб фоли нохуб ва чун рамзи содир шудани дуздӣ, хиёнат, рафтори сабукфикронаи зан ва ҷангу ҷанҷоли оилавӣ тасвир ёфтааст. Кас хоб бинад, ки дар манзилаш гурба гашту гузор дорад, ба хонааш дузде медарояд, ки аз ҷумлаи хешу табор ва ё дӯстони наздики худи ӯст.
Мард хоб бинад, ки гурбаи ваҳшие ба вай ҳамла карда истодааст, занаш ба ӯ хиёнат мекунад, вале дар хобаш гурбаро навозиш карда, бо меҳр сила кунад, бо зани зебои маккору ҳиллагаре шинос шуда, ошиқи шайдои он зан мегардад.
Гурбаи сафед ва оромро хоб дидан ба оромиши руҳии инсон ишорат менамояд, вале гурбаи сиёҳ ва бадхашм дар хоб аслан фоли нек нест. Кас хоб бинад, ки гурба ба сару рӯяш ханҷол мезанад ё ӯро газидааст, бояд эҳтиёт шавад. Ҳамлаи гурба ба инсон ва ӯро газиданаш дар хоб аз сар задани ягон ҳодисаи нохуш, ки боиси нороҳатии шахси хобдида гашта метавонад, дарак медиҳад.
Ханҷол задани гурба ба синаи инсон аз ғаму дарди ҷигарсӯзе дарак медиҳад, ки дили ӯро реш-реш хоҳад кард. Зани шавҳардор хоб бинад, ки гурбае ваҳшиёна сару рӯяшро канда истодааст ё ӯро мегазад, ҳамсараш ба вай хиёнат карда, зани дигар мегирад ё маъшуқа меёбад.
Хобдида духтари муҷаррад бошад, ошиқ ё номзадаш бевафоӣ карда бо духтари дигар ишқварзӣ мекунад ва ба қавли маъруф аз рашку алам дили ӯро гурбаҳои ваҳшӣ ханҷол мезананд.