Гурбаи зоти мейн-куни дусола бо номи Мистер Пагсли Аддамс, ки дар иёлати Миннесотаи ИМА зиндагӣ мекунад, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Ин гурбаи зебову калонҷусса расман соҳиби дарозтарин дум миёни гурбаҳои хонагӣ эътироф шудааст.
Табибони байторӣ, ки ченкуниро анҷом доданд, гуфтанд, ки дарозии думи ҷонвар 46,9 сантиметр аст. Соҳибони гурба мегӯянд, ки эҳтимол думи ҷонвар боз ҳам дароз шавад, зеро гурбаҳои зоти мейн-кун одатан то чор–панҷсолагӣ ба андозаи пурраи худ мерасанд.
«Вақте ки ман ӯро бори аввал назди байтор бурдам, ӯ гуфт: “Ин гурба думи хеле дароз дорад”.