Дар шаҳри Анқараи кишвари Туркия гурбачае ба дунё омадааст, ки чор гӯш дорад. Шаш бародару хоҳари гурбача бе ягон камбудӣ тавлид ёфтанд, вале гурбачаи булаҷаб ду гӯши иловагӣ дорад. Бо вуҷуди чоргӯша буданаш ҷонваракро зане барои нигоҳубин соҳибӣ карда, ба хонааш бурдааст. Акнун гурбачаи эрка бо ду саги тиллоранги зоти ретривер дар хонаи ин зани меҳрубон умр ба сар мебаранд. Дар мавриди бо ду гӯши иловагӣ тавлид ёфтани гурбача байторон ҳаминро қайд мекунанд, ки ҷонварак бо ҳамаи чор гӯшаш садоро шунида метавонад ва гӯшҳои иловагӣ ба саломатияш заррае таъсир намерасонанд.