Вақте ки гурбаи хонагии як бонуи ветнамӣ бо исми Ануват ҳангоми таваллудкунӣ дучори мушкилӣ гардид, зан дарҳол ҷонваракро ба беморхонаи байторӣ бурд.
Табибони ҳайвонот гурбаро ҷарроҳии чоки қайсар карданду гурбачаеро аз батни модараш берун оварданд, ки ду калла дошт. Бо дидани он ки гурбача хеле хоҳиши зистан дорад, зан шабу рӯз аз пайи нигоҳубини гурбача шуд. Вале бо вуҷуди нигоҳубин ва кӯшишҳои Ануват гурбача рӯзи чорум фавтид.
Ануват пештар ҳам фаҳмида буд, ки гурбачаҳои дусара дарҳол баъди таваллуд мефавтанд, аз ин рӯ, аз мурдани ҷонварак сахт мутаассиф нагашт.