Салом! Чанд шаб боз гурба хоб мебинам. Гоҳе гурбачаеро навозиш мекунам, гоҳи дигар дастамро гурбаи бадхашме мегазад ё мехарошад.
Хобҳоямро ба модарам нақл кунам, мегӯянд, ки пишак, яъне гурба дар хоб ҷину шайтон аст. Ростӣ ман ба ин гапҳои кампирона чандон бовар надорам ва мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
Саида, сокини шаҳри Хуҷанд
Посух
Аксарияти одамон гурбаро дар хоб рамзи ҷину шайтон ва дигар қувваҳои нопок меҳисобанд, вале дар асл ин тавр нест. Дар хобномаҳо гурба ба таври гуногун таъбир карда шудааст. Ҳамааш ба он вобастагӣ дорад, ки шумо гурбаро дар кадом ҳолат хоб дидед. Ин ҷонварак метавонад нишонаи барори кор ё баръакс афтидан ба доми макру фиреб бошад.
Мувофиқи хобномаи исломӣ гурба дар хоб ба даромадани дузд ба манзили шахси хобдида ишорат менамояд ё баръакс делели ба даст овардани даромади калони пулӣ буда метавонад.
Гурба дар хоб касро газад ё дасташро харошад, хуб нест. Мард чунин хоб бинад, ҳамсараш ба ӯ хиёнат мекунад ё касе аз байни ошноҳояш бо мақсади дуздӣ ё нияти дигари нопок ба манзилаш ворид мешавад.
Равоншиноси машҳур Миллер гурбаро дар хоб нишонаи нооромӣ номида, гуфтааст, ки агар гурбаи хобдидаатон чиркин ва бадафт бошад, бемор мешавед.
Ванга бошад, таъкид кардааст, ки гурба дар хоб бо ғазаб мияв-мияв кардан гирад, касе дар бораи шахси хобдида ягон овозаи нохуш паҳн мекунад ё аз рӯйи рашк дар оилааш нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷоли зиёде сар мезанад.