Formula novemver 2024
Гуноҳатро ҳаргиз намебахшам, оча!
18.09.2024
Оила.тҷ
2020

Салом! Ман ҷавони 15-сола ҳастам ва мехоҳам қиссаи зиндагии талхамро ба шумо нақл кунам.

Бе падар калон шудаам. Пештар фикр мекардам, ки падарам зани дигареро дӯст дошта, модари маро партофтааст, вале баъди калон шудан фаҳмидам, ки дар асл на падарам, балки модарам боиси тамоми сарсонию саргардониҳои мани зиндаятим будааст. Аз рӯйи гуфти хешу табор модарам дар давраи ҷавониаш ҷавонеро дӯст медоштааст, аммо падару модараш ба издивоҷи онҳо розӣ нашуда, ӯро ба п адари ман ба шавҳар додаанд.

Азбаски волидони модарам бою бадавлат буданд, назараш падари камбағаламро нагирифта, мудом таъна мезадааст, ки шумо камбағалед.

Ҳамин тавр байнашон нофаҳмӣ ба миён меояд ва модарам ба ҳомиладориаш нигоҳ накарда, қаҳр карда ба хонаи падару модараш омадааст. Янгаҳоям мегӯянд, ки падарат ҳамроҳи волидонаш чанд маротиба барои бурдани модарат омад, вале модарат “шумоён нони хӯрдан надоред, ман тобу тоқати чунин зиндагиро надорам. Хонаи алоҳида харида диҳед, меравам,набошад писаратонро зани дигар диҳед” гӯён, ду пояшро ба як мӯза андохта, якравӣ кард. Азбаски бобою бибии падариам одамони камбағал буданд, имконияти барои писарашон хонаи алоҳида харидан надоштаанд. Онҳо ҳарчанд зорию тавалло кардаанд, ки келин тоқат кунед, шароит шавад, мо хонаи харида, зиндагии шуморо ҷудо мекунем, модарам “ ман духтари шаҳрӣ дар деҳа зиндагӣ кардан намехоҳам” гӯён, розӣ нашудааст.

Хулласи калом, баъди чанд вақт модарам бо ҳамон ишқи аввалаш вохӯрда, зани дуюм шудааст. Азбаски хурд будам, ман он марди бегонаро падарам гумон карда, дадаҷон мегуфтам, аммо ӯ ба ман заррае меҳру муҳаббат надошт. Муносибаташ ҳамеша сард буд, ҷанг мекард. дашном медод...

Вақте фаҳмидам, ки дар асл падарам каси дигар аст, зиндагӣ дар иназарам тираву тор гашт. Аксар шабњо хоб мебинам, ки падарам ба суроѓам омадааст, аммо чашм кушода боз худамро танњо мебинаму љигарам хун мешавад. Ѓами бепадарї афгорам кардааст, ќатрањои ашк чун борон аз дидањоям мебораду меборад. Модарамро ҳаргиз намебахшам, зеро танҳо роҳати худашро андеша намуда, маро аз меҳру муҳаббати падар бенасиб ва зиндаятим гардонд.

Ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки фарзандонатонро зиндаятим насозед, зеро дарду доғи бепадарӣ ҳаргиз аз дили кӯдак намеравад. Фаромӯш накунед, ки шавҳари дигар ёбед ҳам, марди бегона ба фарзанди шумо падар намешавад!

ДИЛШОД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД