Шавҳарамро дӯст дошта оиладор шудам. Хушдоманам зани бофарҳанг ва дар хонадони шавҳарам фазои тинҷу осуда ҳукмрон буд. Хешу табор ба зиндагии ширини ман ҳасад мебурданд.
Худоро шукр мегуфтам, ки тақдири маро бо чунин олиаи хуб пайванд кардааст. Солҳо турнасон гузаштанду мо соҳиби чанд фарзанд шудем. Бо зиёд шудани сафи фарзандонамон бори зиндагӣ торафт гарон шудан гирифт ва ман ба шавҳарам гуфтам, ки бо майда-чӯйдафурӯшӣ машғул мешавам. Шавҳарам розӣ набошад ҳам, пинҳонӣ аз ӯву хушдоманам аз хешу табор ва шиносҳоям пул қарз гирифта, ба хона ҳар гуна молҳои ниёзи мардумро оварда мефурӯхтам. Намедонам аз бетаҷрибагӣ буд ё чизи дигар, ки ҳеҷ як тинам ду тин намешуд. Рафта-рафта чунон ба қарз ғӯтидам, ки ногуфтанӣ. Қарздорон ба назди шавҳару хушдоманам омада пулашонро талаб карданду сирри ман фош шуд. Маблағи зиёд қарз гирифтанамро шунида шавҳарам қариб аз ақл бегона мешуд. Асабаш вайрон шуда, дар сари қаҳр ҷавоби маро додан мехост. Хайрият, ки хушдоманам ба байн даромада, шавҳарамро аз аспи ҷаҳл фаровард, вагарна худам беваю фарзандонам дар ба дар мешуданд. Аз кори кардаам сахт пушаймонам, вале оби рехтаро дигар бардошта намешавад. Шавҳару хушдоманам кор карда, қарзҳои маро кам-кам баргардонида истодаанд, вале муносибати шавҳарам бо ман тамоман сард шудааст. Медонам, ки сахт гунаҳкорам, вале мақсади мани хомхаёл беҳтар сохтани вазъи зиндагиямон буд. Дар бозору мағозаҳо ба бонувони савдогар нигариста, ҳавасам меомад, ки ман ҳам мисли ин занҳо пулёб шавам, вале акнун фаҳмидам, ки савдо кори саҳлу осон набудааст. Мехоҳам бо воситаи сомонаи «Оила» аз шавҳару хушдоманам барои ин беақлиам узри гуноҳ талабам. Ваъда медиҳам, ки дигар ҳеҷ гоҳ бе розигии онҳо аз касе пул намегирам ва умуман ягон кори пинҳонӣ намекунам.
Шавҳари Д.:
Туро Худо бахшад
Росташро гӯям, волидон ва хешу табор ба издивоҷи ман бо ин духтар розӣ набуданд, вале аз сабаби он ки сидқан дӯсташ медоштам, гапи касеро гӯш накарда, ҳамин занамро тӯйи осмонкаф ороста, ба хона оварда будам. Рӯзҳои аввали хонадориамон занам ягон рафтори ноҷо намекард, духтари нағз буд, вале рафта-рафта қилиқҳои нав баровард. Дилаш хӯрокҳои бомазаву либосҳои қиматбаҳо кашида, зуд-зуд бо ман қаҳру ароз мекард. Рӯзе гуфт, ки бо кори савдо машғул шудан мехоҳад, ҳайрон шуда гуфтам, ки ту ҳисобу китобро намедонӣ, чӣ тавр савдо мекунӣ?! Фаҳмондам, ки агар савдогарӣ осону пул муфтакак ба даст меомад, ин қадар мардум азоби бепулӣ намекашиданд, вале ин занаки мӯйдарози ақлкӯтоҳ кори худашро кард. Имрӯз аз шарм дар байни ҳаққу ҳамсоя сар бардошта наметавонам. Ҳар дафъае, ки ягон кас қарзашро пурсиданӣ меояд, замин намекафад, ки ман дароям. Дар умрам аз касе қарз нагирифта будаму дар пеши ягон бандазот сар хам накарда будам, вале имрӯз гапи ман дар даҳони тамоми мардуми деҳа афсона шудааст. Мехостам ҷавоби ин занаки бефаросатро дода, сарамро гирифта ба Русия равам, вале модари бечораам худашро ба пеши поям партофта, зора кард, ки фарзандонамро хору зор накунам. Танҳо ба хотири ҷигарбандонам астағфуриллоҳ гуфтам, вагарна чунин зан лоиқи номи зану модар нест. Занам бояд то охири умраш аз модарам миннатдор шавад, ки бар замми гуноҳашро бахшидан, боз аз пули маошаш қарзҳои ӯро баргардонида истодааст. Ба қадри некиҳои модари биҳиштии ман нарасад, кӯр мешавад. Гуноҳи занамро бахшидани ман маънои онро надорад, ки минбаъд чи коре, ки хоҳад, кардан гирад, агар аз хати кашидаам як қадам берун монад, дигар хотири касеву чизеро намекунам!
Маслиҳати равоншинос:
Дар ҳақиқат келин рафтори нодуруст кардааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Зани оқилаву хирадманду порсо, кунад марди дарвешро подшоҳ», вале зан ноаҳл афтад мард як умр сарсону саргардон мегардад. Умедворем, ки баъди рух додани чунин ҳодиса, ақли ин хоҳар ба сараш зада, дигар дар масъалаҳои пуливу молӣ ба чунин кутоҳандешӣ роҳ намедиҳад.