Салом! Ман марди оиладор ва соҳиби 3 фарзандам. Хоб дидам, ки ба куҷое меҳмонӣ рафта, туфлиҳоямро гум кардаам. Мегӯянд, ки агар одам дар хоб пойафзолашро гум кунад, ин бисёр бад аст ва ягон чизи хеле азизашро аз даст медиҳад. Илтимос, таъбири хоби маро гӯед, то ки дилам ором гирад.
Муҳсин, ш. Душанбе
Гум кардани пойафзол дар хоб аз пайдо шудани монеаъҳое дар сари роҳи шахси хобдида дарак медиҳад, ки боиси аз даст додани ягон чизи қиматбаҳо мегарданд, масалан лоиҳае, ки бояд ба шумо даромади калон меовард, бо ягон сабаб намегузарад ё чизеро, ки шумо хариданӣ будед, каси дигар соҳиб мешавад.
Ҷавон ё духтари дар фотиҳа буда агар чунин хоб бинад, фотиҳааш гашта, тӯй вайрон мешавад, вале шахси хобдида оиладор бошад, аз ҳамсараш ҷудо мешавад ё байнашон ҷангу ҷанҷоли сахт сар зада, аз ҳамдигар дилсард ва қариб, ки бегона мешаванд.
Хоб бинед, ки як пойи туфлиатон нест, танҳо монда, азоби рӯҳӣ мекашед. Дар хобатон касе ба шумо якбора ду ҷуфт пойафзол туҳфа кунад, ба коре даст мезанед, ки бароятон даромади дучанд меорад.
Пойафзоли бисёри ба ҳар тараф партофташуда дар хоб аз сар задани даъво ва баҳсу мунозираҳои зиёд барои тақсими мерос дарак медиҳад.
Барои хариди пойафзол ба бозор рафта, чанд туфлиро пӯшидан, вале ҳеҷ якеро интихоб карда натавонистан дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо аз ҳаёти шахсии худ розӣ нестед ва ташнаи тағйироти наве дар ҳаёти худ мебошед.