arzon replenishment
ГУЛРУХСОР ЧАРО ҚАСДИ ХУДКУШӢ КАРД?
2844

Як духтари ҷавони 18-сола аз болои пули Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд худро ба дарё партофта ҳалок шудааст.

Ин ҳодиса 4-уми декаби соли равон, тахминан соати 14:05 дақика Гулрухсор Ҷумъаева худро аз болои пули Исмоили Сомонии Хуҷанд ба дарёи Сир партофта, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” сардори дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Шаҳзода Бутаева иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Гулрухсор Ҷумъаева донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, сокини ҷомоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.

“Пас аз огоҳӣ пайдон кардан наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои ҳодиса рафта, ҷасади духтарро аз назди боғи Камоли Хуҷанд дарёфт намуда, ба мақомоти дахлдор месупоранд. Ҳоло тафтишот дар ин самт аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд идома дорад”,-илова кард Шаҳзода Бутаева.

Тибқи маълумоти расмӣ, давоми 9 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд дар маҷмӯъ 21 нафар дар кӯлу дарё ва обанборҳои вилояти Суғд бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла 5 нафар бо далелҳои то ҳанӯз номушаххас ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Аз ин шумора 11 нафарро мард, 6 нафарро зан ва 4 нафарро ноболиғ ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД