Гулмуроди Саъдулло бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Индонезия ва Баҳрайнро доварӣ мекунад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ҳаштуми даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» ҳайати доварони элитаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари 34-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдулло кор мекунад.
Тавре гуфта мешавад, Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Индонезия ва Баҳрайн, ки рӯзи 25-уми март дар Ҷакарта баргузор мешавад, таъйин шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кумак мекунанд.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов довари эҳтиётӣ интихоб гардид. VAR-ро Муҳаммад Убайд Ходим Муҳаммад идора карда, ёвари VAR аз Амороти Муттаҳидаи Араб Умар Муҳаммад Аҳмад Ҳасан Ал-Алӣ хоҳад буд.