Гулмуроди Саъдуллои 33-сола, довари ФИФА якҷо бо ситоди худ ҳаками бозии даври муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 таъйин шудааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Гулмуроди Саъдулло вохӯрии бошгоҳҳои «Ал-Ғарофа» (Қатар) ва «Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА)-ро, ки 13-уми август дар шаҳри Ал-Хори Қатар баргузор мешавад, доварӣ мекунад. Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев дар хатҳо ба ӯ кумак мекунанд. Довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Ӯзбекистон довари эҳтиётӣ таъйин гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ғолиби ҷуфти «Ал-Ғарофа» (Қатар) - «Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) ҳақи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 ва дастаи мағлубшуда дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи дуюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро пайдо мекунад.