Гулкарам аз ҷумлаи хӯрданиҳои лазизест, ки аксарият онро хеле дӯст медоранд. Дар баробари болаззат буданаш, он дорои натрий, калсий, магний, калий, фосфор ва витаминҳои С, В1, В2 мебошад, ки барои организми инсон хеле фоидаоваранд.
Истеъмоли гулкарами обпаз ба узвҳои ҳозима, бахусус бемориҳои меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид буда, беморони диабети қанд дошта низ метавонанд онро истеъмол намоянд. Аммо мутахассисон хӯрдани гулкарамро ба шахсоне, ки ба бемории ниқрис, яъне подагра гирифторанд, тавсия намедиҳанд.
Тавре болотар қайд гардид, гулкарам дар таркибаш ба миқдори зиёд витамини С дорад ва махсусан барои занон фоидабахш аст. Витамини мазкур ба бадани шахс қуввату мавдор бахшида, хатари гирифтор гаштан ба бемориҳои вирусиро коҳиш медиҳад. Аммо як нуктаи муҳимро бояд қайд намоем, занҳое, ки кӯдаки ширмак доранд, набояд аз 150-200 грамм зиёд гулкарам теъмол кунанд, зеро он ба дамиш кардани рӯдаҳо замина мегузорад.
Ватани гулкарам кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин буда, он дертар ба дигар давлатҳои ҷаҳон паҳн гардидааст. Аввалҳо онро карами суриёӣ мегуфтанд.
Ибни Сино истеъмоли карами суриёиро дар зимистон ғизои муфиду шифоангез мешуморид.
Гулкарамро бори нахуст набототшиноси араб Ибни Байтор тавсиф намудааст. Онро фақат дар Сурия ва дигар мамолики араб парвариш менамуданд.
Дар асри 12 гулкарамро арабҳо ба Испания бурданд. Баъдтар он аз Сурия ба Кипр бурда шуд. Дар Кипр парвариши гулкарам ривоҷу равнақ ёфт ва ин кишвар садсолаҳо мамолики Аврупоро бо тухмӣ таъмин менамуд.
Дар асри 14 баъзе навъҳои гулкарамро дар Фаронса, Италия, Ҳолланд ва Англия низ мепарвариданд. Тақрибан 200 сол қабл гулкарам аз Ҳолланд ба Русия оварда шуд. Феълан гулкарам дар тамоми Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Чин ва Ҷопон парвариш карда мешавад.
Тибқи манбаъҳои соҳаи кишоварзӣ, парвариши гулкарам дар Тоҷикистон солҳои 50-уми асри 20 дар водии Ҳисор оғоз ёфтааст. Дар ҷумҳурӣ асосан навъҳои «Ватанӣ» (миёнапазак - 100-110 рӯз) ва «Барфак» (тезпазак - 90-100 рӯз) парвариш мешаванд. Ниҳоли гулкарамро дар ду давра - баҳор (моҳи май мепазад) ва тирамоҳ (моҳи сентябр - ноябр мерасад) мешинонанд.