Sebiston new 2024 october
Гули худрӯй аз Инстаграм
29.06.2024
ОИЛА.ТҶ
693

Фатҳиддин Асоев яке аз аввалин эҷодкорони тоҷикест, ки дар “Чат-рулетка” сохтани барномаро роҳандозӣ карда, маҳбуби корбарони ин шабака қарор гирифт. Ӯ яке аз беҳтарин блогерони мо дар Ютуб аст, ки танҳо бо ҳунараш сазовори эҳтиром ва таваҷҷуҳи миллионҳо нафар гаштааст.

Айни замон Фатҳиддин дар Ютуб 830 ҳазор ва дар Инстаграм зиёда аз 270 ҳазор обуначӣ дорад. Асосан, ӯро маҳз бо баромадҳояш дар “Чат-рулетка” шинохтаанд. Фатҳиддин, дар “Чат-рулетка” бо корбарони гуногунзабону гуногунмиллат ҳамсуҳбат шуда, барояшон суруд мехонад ва онҳо баҳо медиҳанд.

Сурудҳои машҳури ин ҳунарманди ҷавон “Келини очам”, “Мадинаҷон”, “Дуди сигор”, “Нозанин” ва ғайраҳо дар Ютуб миллионҳо маротиба бозбинӣ шудаанд. Мавзӯи марказии сурудҳояш ишқу муҳаббат аст. Истеъдоди хуб бо пешниҳоди замонавӣ ва ба наврасону ҷавонон ҷолиб бо ҳам омехта шуда, Фатҳиддинро яке аз сарояндагони дӯстдоштаи мардум кардааст.

Фатҳиддин намунаи беҳтарини як эҷодкори соҳибистеъдод аст, ки бо қувваи худ ва шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист ба дили миллионҳо кас роҳ ёбад ва худро дар соҳаи санъат бисозад.

Яъне, Фатҳиддин Асоевро ҳоло бешак метавон сарояндаи машҳуру маҳбуб номид. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш ба саҳифаи ютубии Наимҷони Сайдалӣ дар мавриди пеш аз машҳуршавиаш чунин гуфта буд:

- Мо оилавӣ санъаткор ҳастем. Падарам суруд мехонданд, модарам низ кам-кам месароянд, бародарам ҳам ҳунари сарояндагӣ доранд. Соли 2020 вақте дар муҳоҷират будам, рӯзе бародарам гуфт, ки бояд истеъдодатро дар интернет нишон диҳем. Бо ҳамин мақсад як барнома дар “Чат-рулетка” пешниҳод кардем, ки онро мардум хуб қабул карданд. Ҳамин тавр, маро ҳамчун сароянда шинохтанд ва минбаъд аз пайи такмил додани ҳунари худ гаштам.

Бояд қайд намуд, ки Фатҳиддин ҳамчун овозхон ва блогер бо тахаллуси “Федя” дар шабакаи “Тик-Ток”-у “Инстаграм” низ саҳифаи худро дорад ва мухлисонаш маҳсули эҷод ва сабту наворҳои ӯро аксаран аз ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ пайгирӣ мекунанд.

Фатҳиддинро метавон дар санъати тоҷик як гули худрӯй гуфт, зеро борҳо гуфтааст, ки бидуни устоде дар ин соҳа қадам монда, истеъдодашро такмил додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД