Гули аз ҳама қиматтарини хонагиро, ки исми лотиниаш Shenzhen Nongke мебошад, дар Чин парвариш менамоянд.
Ранги он сабзи зардча буда, баргҳои миёнааш нақшу нигори аҷиби сурх доранд. Бӯи хушаш тамоми манзилро фаро гирифта, то дер гоҳ дар фазои кошонаатон боқӣ мемонад.
Shenzhen Nongke дар панҷ сол як маротиба гул мекунад. Бинобар хеле нозук буданаш, парваришаш низ, заҳмати зиёдро талаб дорад. Вале, боз ҳам, касоне ёфт мешаванд, ки ин гулро бо нархи ҷон мехаранд ва дар парваришаш камари ҳиммат мебанданд.
Айни замон нархи як дона гули орхидея дар музоядаҳои ҷаҳонӣ ҳудуди 200 00000 доллари амрикоӣ дакка мехӯрад.