formula
Гулбарорӣ, ғургӯшак ва сурхакон ба кӯдакон чи хатар доранд?
722


Кӯдакони синну соли мактабӣ бештар ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд. Хавфи чунин бемориҳо дар он аст, ки агар як кӯдак касал шуд, чанд кӯдаки дигарро дар муддати кӯтоҳ сироят мекунонад ва баъзан ҳолатҳое низ мешаванд, ки қариб тамоми синф бемор мешавад. Яке аз чунин бемориҳои сироятӣ, ки ба зудӣ тамоми синфро сироят кунонида метавонад, гулбарорӣ мебошад.

Аломати аввалини гул баровардани кӯдак ин баланд шудани табби бача ва пайдо шудани ярачаҳои хурди сурхранг ва обдор дар пӯст аст. Кӯдаке, ки гул баровардааст, иштиҳояш гум шуда, хурдро бемадор эҳсос мекунад. Дарди сар ва дарди гулӯ аз зумраи аломатҳои дигари гулбарорӣ мебошанд. Маъмулан ба “ветрянка” кӯдакони то 12-сола гирифтор мешаванд.
Ғургӯшак-аломати асосии ин беморӣ пайдо шудани варам дар бехи гӯш,баланд шудани табби кӯдак, гум шудани иштиҳо ва камқувватӣ мебошад. Аксари волидон ғургӯшакро бемории ҷиддӣ ҳисоб накарда, ба духтур муроҷиат намекунанд, ки ин хатои маҳз мебошад. Ин касалӣ махсусан дар писарбачаҳо хавфнок буда, метавонад бачаро дар оянда ба мушкилоти бенаслӣ гирифтор созад.

Ғургӯшак оқибатҳои ногувор дошта, метавонад боиси паст шудани шунавоӣ ва ҳатто кар шудани кӯдак гардад, агар онро сари вақт ва пурра табобат накунанд.
Сурхакон-ба ин беморӣ бештар кӯдакони аз 2то 9- солае гирифтор мешаванд, ки эмгузаронӣ карда нашудаанд. Сурхакон бемории сироятӣ буда, ҳангоми муносибати наздик-дар як кат хобидан, дар як хона бо кӯдаки бемор зиндагӣ кардан ва ё тариқи ҳаво мегузарад. Кӯдаке, ки ба сурхакон гиирфтор шудааст, таббаш ниҳоят баланд шуда, дар тамоми баданаш сурхӣ медамад.

Роҳи асосии пешгирии касалӣ ҳатман сари вақт эмгузаронӣ кардани кӯдак аз сурхакон, яъне “краснуха” мебошад. Вақте ки шумо фарзандатонро эмгузаронӣ мекунед, нисбати ин бемори иммунитет пайдо мекунад ва организми кӯдак дар оянда худаш худашро ҳимоя хоҳад кард.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД