Шахси муъмин бояд аз чор сифати бад дур ва баръакси он сифатҳои накӯро дошта бошад. Ба фарзандон бояд бо муҳаббат, ҳавасманднамоӣ, эҳтиром ва мадҳу таҳсин муомила карда шавад.
Сухани накӯ беҳтарин ато аст. Аллоҳ мегӯяд: "Гуфтори некӯ ва бахшоиш беҳтар аз садақаест, ки озоре ба дунбол дошта бошад". (Сураи «Бақара», ояти 263).
Мо ба фарзандон хӯроку либос ва бозиҳоро муҳайё мекунем, вале бо сухан рўҳияи онҳоро мешиканем ва хароб мекунем, ки ин хилофи дастури Қуръон аст.
Олимони муосир кашф кардаанд, ки сухани накӯ ва садақа бар ақли инсон таъсири ягона доранд.
Пас бояд кӯшиш кунем, ки дар хонаамон суханҳоямонро дониста гӯем, зеро таъсири сухан хеле бузург аст. Сухан инсонро мусулмон ё кофир мекунад. Бо сухан марду зан ба ҳам ҳалол мешаванд, агар гӯянд, ки "Қабул кардам". Агар гўянд, ки "Талоқ" кардам», ҳаром мешаванд.
Ҳеҷ гоҳ суханро нописанд нагиред. Кӯшиш кунед, ки дар тарбия ва инкишофи дурусти фарзандон бо сухани накӯ саҳм гузоред, то ояндаи беҳтарин барояшон муҳайё бошад.