Чаро тифлакон тез-тез гӯшдард мешаванд?
Кӯдакон, махсусан тифлакони навзод ва синну соли томактабӣ тез-тез ба гӯшдард гирифтор мешаванд. Сабаб дар он аст, ки узви сомеъаи атфол ҳанӯз ба таври зарурӣ ташаккул наёфтааст ва ба осонӣ аз ҳар гуна бемориҳо сироят меёбад ё шамол мекашад. Бо эҳсос намудани он ки сабаби гиряву фиғони кӯдак маҳз дарди гӯш мебошад, фавран ёрии аввалини тиббӣ бояд расонд.
Сабабҳои гӯшдардӣ
Сабабҳои ба гӯшдард гирифтор шудани кӯдакон зиёданд. Аз ҷумла:
• Шамолкашӣ;
• Сироят ёфтан аз ягон беморӣ;
• Оббозӣ кардан дар ҷӯйбор, канал ё ҳавзҳои обашон ифлос;
• Даромадани ягон ашёи сахт ба гӯши кӯдак, масалан мӯҳрача;
• Ҷамъ шудани чирк ё зардоб гирифтани гӯши кӯдак;
• Зарба хӯрдан ё захмӣ шудани гӯши кӯдак бар асари афтидан, ҷангу ҷанҷол бо дигар кӯдакон ва ғайра;
• Бемориҳои замбуруғӣ;
• Варам кардани лимфоузелҳо;
• Таъсири бемориҳои дигар аз қабили дарди гулӯ, дарди дандон;
• Пайдо шудани варами саратонӣ дар гӯши кӯдак;
• Газидани ҳашаротҳои заҳрнок.
Нишонаҳои асосӣ
Тифлакони навзод ва кӯдакони синни томактабӣ сабаби гиряашонро ба калонсолон фаҳмонда наметавонанд, вале аз рӯйи ин нишонаҳо шумо метавонед пай баред, ки фарзандатон ба гӯшдард гирифтор шудааст:
1. Кӯдак беист фиғон кашида, гиря мекунад, сарашро ба қафо тоб медиҳад ва бо ҳеҷ чиз ором намегирад;
2. Ҳангоми гиря кардан гӯшашро медорад ё бо дасташ молиш медиҳад;
3. Намегузорад, ки ба гӯши дардмандаш даст занед;
4. Баъзан аз шиддати дарди ҷонкоҳ кӯдак бо қаҳру ғазаб ба гӯшаш мезанад;
5. Сарашро ба замин бо ҳамон тарафе, ки гӯшиш дард мекунад, монда, зер мекунад, то ки дардаш каме таскин ёбад;
6. Иштиҳои кӯдак гӯм мешавад;
7. Кӯдак метавонад таб кунад, агар бо сабаби ягон бемории сироятӣ гӯшаш дард мекарда бошад ё чирку зардоб гирад.
Ва ғайра.
Чӣ бояд кард?
- Пеш аз ҳама гӯшҳои кӯдакро хабар гиред, ки мабодо чирку зардоб ҷамъ нашуда бошад ё ба гӯши кӯдак ягон ашёи беруна надаромада бошад. Одатан кӯдакони хурдсол бозӣ карда истода ҳар хел ашёҳои майда-чӯйдаро ба гӯшашон тела мекунанд ва ин боиси ба дарди гӯш гирифтар шудани кӯдак мегардад. Агар чунин бошад, кӯшиш накунед, ки онро худатон мустақилона аз гӯши фарзандатон бароред, зеро шумо метавонед ба пардаи гӯши кӯдак осеб расонед. Бинобар ин, ба мутахассис муроҷиат кунед.
- Агар гӯши кӯдак шамол кашида бошад, сурх мешавад ва кӯдак таб мекунад. Дар чунин ҳолат ба гӯши кӯдак дорӯи гӯш чаконед, дардаш мегузарад. Агар дард гум нашавад, ба духтур муроҷиат кардан лозим.
- Сабаби ба дарди гӯш гирифтор шудани кӯдак ягон бемории сироятӣ бошад, ҳарорати баданаш то 38-40 дараҷа баланд шуда метавонад. Фавран кӯдакро ба духтур бурдан лозим аст.
- Сабаби дарди гӯши кӯдак варами гиреҳҳои лимфатикӣ, яъне лимфоузелҳо бошад, дар ду тарафи гулӯ варам пайдо мешавад.
- Дарди гӯш аз лат хӯрдан ба вуҷуд омада бошад, аз гӯши кӯдак хун меравад ё дар ҷисмаш осори дигари зарбхӯрӣ мушоҳида мешавад. Кӯдак нисбатан калонтар шуда, аллакай гап мезада бошад, пурсед, ки мабодо дар ягон ҷо наафтидааст ё бо касе занозанӣ карда буд ё не.
- Сабаби гӯшдард бемориҳои замбурӯғӣ бошанд, гӯши кӯдак бар замми дард карданаш боз хориш мекунад.
Роҳҳои табобат
Дарди гӯш бениҳоят тоқатфарсо аст, бинобар ин, волидон бояд фавран ба духтури кӯдакона ё муттахасисси соҳа муроҷиат намуда, маслиҳат бипурсанд ва бо тавсияи духтур аз паси табобат шаванд. Аммо то расидан ба беморхона ба кӯдак ёрии аввалини тиббӣ бояд расонд, то дардаш каме таскин ёфта, ором гирад. Барои ин чи бояд кард?
Аввал, таби кӯдакро санҷед, агар ҳарорати баданаш аз 38 боло бошад, ҳатман ягон давои пасткунандаи таб диҳед.
Ба гӯшҳои кӯдак “Отипакс” ё доруи дигари гӯшро чаконед.
Гӯши кӯдак хун, чиру зардоб надошта бошад ва ба гӯшаш ягон ҳашарот ё ашёи беруна надаромада бошад, бо равғанҳои эфирӣ ё гиёҳобҳои шифобахш, ки осори хунукиро мегиранд, компресс бастан лозим аст. Компресси гармкунанда махсусан ҳангоми отит ва бемориҳои дигари гӯш, ки бар асари шамолкашӣ ба вуҷуд меоянд, хеле муфид буда, дарди гӯшро таскин мебахшанд, гардиши хунро беҳтар месозанд ва кӯдак оромона хоб меравад.
Тарзи дурусти компресс кардан
Компресс намудҳои гуногун дорад ва барои он ки фоида расонад, тарзи дурусти онро интихоб крадан лозим аст.
Компресси тар
Ба рӯйи як пора матои нарм ё пахта чанд қатра равғани бодом чаконед ё онро ба гиёҳоби бобуна ё раҳдавак тар карда, дар ҳолати ширгарм буданаш ба гӯши кӯдак гузошта, бо рӯймоли пахтагин бандед.
Компресси хушк
Агар гӯши кӯдак илтиҳоб гирифта, сурх шуда бошад, аз компресси хушк истифода бурдан мумкин нест, вале барои табобати отит аз ин навъи компресс истифода бурдан мумкин аст. Халтачаи намаки гармкардашударо ба гӯш тарзе гузоштан лозим аст, ки ба гиреҳҳои лимфотекӣ-лимфоузелҳо нарасад.
Компресс бо спирт
Дар ёд дошта бошед, ки танҳо бо тавсияи духтур ба гӯши кӯдак бо спирт компресс бастан мумкин аст. Барои ин спиртро бо миқдори 1:2 бо оби ҷӯшонидашудаи ширгарм омехта намуда, пахта ё як пора матоъи тозаи пахтагинро ба он тар карда, ба гӯши кӯдак мебандед.
Фаромӯш накунед, агар кӯдак таб дошта бошад, ба гӯшаш ягон хел компресс бастан мумкин нест, на хушк, на тар ва на спиртӣ! Кӯдак аллергия дошта бошад, аз равғанҳои эфирӣ ва гиёҳобҳо истифода набаред!