Салом! Ман шаби гузашта хоби аҷибе дидам. Дар хобам бародарам гӯсфанди калонеро кашолакунон ба хонаи ман овард. Ҳарчанд ба ӯ мефаҳмондам, ки додарҷон, хонаи ман дар бинои баландошёна аст ва барои нигоҳ доштани гӯсфанд ягон шароит надорам, вале бародарам “акаҷон, ин гӯсфанд ба шумо даркор мешавад,” гӯён, туҳфаи чорпои овардаашро дар рӯйи хона сар дода, баромада рафт.
Хоби дидаамро ба модарам ва ҳамсарам нақл кардам. Модарам гуфтанд, ки гӯсфанд хоб дида бошӣ, бояд ягон мол харида, садақа кунӣ, вале ҳамсарам баръакс мегӯяд, ки ин хоб нишонаи боигарӣ аст ва худо хоҳад ба наздикӣ сарватманд мешавам. Намедонам ба гапи кадомашон бовар кунам, аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то ки таъбири хоби дидаамро бифаҳмам.
Сироҷиддин, сокини ш. Душанбе
Посух
Хоби дидаи шумо фоли нек аст. Дар хобномаҳо омадааст, ки гӯсфанд дар хоб таҷассумгари мардонагӣ, шуҷоат ва қудрат мебошад. Касе хоб бинад, ки соҳиби як рама гӯсфанд гаштааст, соҳиби мансаб ё вазифаи баланде гашта, обрӯяш дар байни мардум мефзояд.
Гӯсфанд дар хоб ҳамчунин ба боигарӣ ишорат мекунад. Мард хоб бинад, ки гӯсфанд харидааст ё касе ба вай гӯсфанд туҳфа кардааст, соҳиби пулу моли зиёд гашта, бою бадавлат мешавад.
Бемор хоб бубинад, ки гӯсфанд қурбонӣ карда истодааст, бо инояти парвардигор шифо меёбад.
Ба касе гӯсфанд додан маънои онро дорад, ки аз қарз халос мешавед. Аммо дар хобатон гӯсфанд ба шумо ҳамла кунад, чандон фоли нек нест, эҳтиёт бошед, зеро ин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки душмани тавоное дар камин нишастааст ва ба зудӣ ба шумо ҳуҷум мекунад.
Хулоса, гусфанд дар хоб рамзи қудрат, боигарӣ ва ҳаёти серу пур мебошад.