Мураббии сербӣ Горан Стеванович бинобар ба анҷом расидани муҳлати шартнома вазифаи сармураббии дастаи миллии Тоҷикистонро тарк кард. Дар ин бора расман Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
“Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Горан Стеванович барои саҳм дар рушди дастаи миллӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи мураббигӣ барору комёбиҳо орзу мекунад”,- омадааст дар изҳороти ФФТ.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, таҳти роҳбарии Стеванович тими миллӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 натиҷаи назаррас нишон дод - дар чор бозӣ се пирӯзӣ ва як мусовӣ ба қайд гирифта, роҳхати қисми ниҳоиро соҳиб шуд.