Барфҳои резаи Маскав ба рӯйи шишаи бино мерехтанд ва Аҳмад бо дастҳои шахшудаву сардгаштааш охирин хишти деворро гузошт. Ӯ дар лаб табассум дошт, чун медонист, ки фардо рӯзи иди Рамазон аст ва ӯ тамоми маошашро барои Саёҳат ва кӯдаконаш фиристодааст.
Дар хаёлаш Саёҳатро тасаввур мекард, ки бо либоси нав дар саҳни ҳавлӣ дастархон оростааст ва мунтазири занги ӯст. Ӯ бо меҳрубонии хос ба сурати занаш дар экран нигоҳ мекард ва мегуфт, ки тоқат кун азизам, камтар монд, ба наздикӣ меоям ва дигар ҳеҷ гоҳ аз барат дур намешавам.
Аҳмад бо табассуми хаста тугмаро пахш кард ва гуфт, ки салом апаҷон, тинҷӣ ҳаст, чаро ин вақти шаб занг задӣ?
Садаф чизе намегуфт. Чеҳрааш дар экран меларзид ва чашмонаш аз гиря варам карда буданд. Ӯ телефонро оҳиста ба сӯйи равзанаи хонаи Аҳмад бурд.
Вақте ки апаи Аҳмад ва бародаронаш бо шиддат дари хонаро боз карданд, садои воқеа на танҳо калонсолон, балки ду духтарчаи хурдсоли Аҳмадро низ аз хоб бедор кард. Онҳо, ки ҳанӯз дар ҷомахобҳои худ буданд, бо чашмони хоболуд ва тарсон ба айвон баромаданд.
Манзараи дар пеши рӯяшон буда ҷаҳони кӯдаконаи онҳоро дар як сония вайрон кард. Онҳо диданд, ки модарашон бо як марди бегона, ки ҳеҷ гоҳ дар ин хона набуд, дар ҳолати шармовар қарор дорад. Апааш ва бародарони Аҳмад бо нафрат фарёд мезаданд ва модарашон бо даступочагӣ мехост худро бипӯшонад.
Духтарчаи калониаш, ки ҳамагӣ ҳафтсола буд, дасти хоҳари хурдиашро сахт фишурд. Лабҳояш ба ларза даромаданд ва ашкҳои аввалин ба рӯяш ҷорӣ шуданд. Ӯ намефаҳмид, ки хиёнат чист, вале эҳсос мекард, ки чизи муқаддасе дар ин хона шикаст.
Духтарчаи хурдӣ бо овози баланд ва гиряолуд фарёд зад, ки очаҷон, ин кас кӣ аст, чаро дадаам нест, чаро ин кас дар ҷойи дадаам нишастааст.
Саёҳат, ки аз шарм ва тарс рангаш канда буд, ҳатто ҷуръат накард ба чашмони духтаронаш нигоҳ кунад. Ӯ рӯяшро бо дастҳояш пӯшид, вале садои гиряву нолаи кӯдакон мисли тир ба гӯшҳояш мезад.
Духтари калонӣ бо нафрат ва дард ба он марди бегона нигоҳ кард ва гуфт, ки аз хонаи мо баро, ту дадаи ман нестӣ, дадаи ман дар Русия барои мо кор мекунад, ту кистӣ, ки дар хонаи мо омадӣ...
Ин духтарчаҳо дар он лаҳза на танҳо модарашон, балки боварии худро ба олами пок гум карданд. Онҳо ба кунҷи девор часпида, якдигарро ба оғӯш гирифта буданд ва зор-зор мегиристанд.
Садаф пичиррос зад, ки Аҳмад, додарҷони содаи ман, бубин, ки пули бо хуни дил ёфтаатро кӣ мехӯрад.
Дар экран манзараи даҳшатбор намоён шуд. Дар хонаи худи Аҳмад, дар болои ҳамон кӯрпаҳое, ки модараш бо дуо дӯхта буд, Саёҳат бо марди бегонае нишаста буд. Садои хандаи пасти занаш ба гӯши Аҳмад расид. Он зан бо ҳамон гарданбанди тилоие, ки Аҳмад барои хариданаш се моҳ танҳо картошка хӯрда буд, бозӣ мекард ва ба рӯйи он мард табассум мезад.
Аҳмад эҳсос кард, ки гӯё тамоми оҳанҳои сохтмон ба сараш фурӯ рехтанд. Ӯ бо овози гирифта гуфт, ки апа, ин хоб аст, бигӯ, ки ин хоб аст...
Модараш аз паси Садаф баромад ва бо нола гуфт, ки бачам, ин зани беҳаё номуси туро дар ин ҳавлӣ дафн кард, мо се рӯз боз инҳоро мепоем, баргард, ки дигар тоқати ин шармандагиро надорем.
Ин садои гиря ва илтиҷои кӯдакони бегуноҳ дар он навори видеоӣ ба гӯши Аҳмад расид ва маҳз ҳамин лаҳза дили ӯро бештар аз хиёнати занаш пора кард. Ӯ дарк кард, ки занаш на танҳо ба ӯ, балки ба покии ин ду фариштаи хурдакак хиёнат кардааст.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН