Arzon march 2024
Гиря кардан ба кӯдак фоида дорад ё зарар?
678



Дар байни мардуми мо андешае вуҷуд дорад, ки агар кӯдак зиёд гиря кунад, шушаш калон шуда, роҳҳои нафаскашиаш васеъ мешаванд ва инкишоф меёбанд.

Оё дар асл чунин аст? Гиря кардан ба кӯдак фоида дорад ё зарар?

Мутахассисон мегӯянд, кӯдак бе сабаб худ ба худ гиря намекунад. Асабшиносон муътақиданд, ки ягон иллат доштан ё ноором будани системаи марказии асаби кӯдакон онҳоро ба ин ҳолат дучор мекунад.

Калонсолон гиряи кӯдакро бонги беҳтарин барои модарони серкор мехонанд ва ҳатто мегӯянд, ки кӯдак гиря накунад, модар аз ҳоли ӯ бохабар намешавад. Ин андешаро духтурони кӯдакона чунин шарҳ доданд:

-Гиряи кӯдакон се сабаби асосӣ дорад. Сабаби аввал тар кардани либосашон, яъне пешоб ё ахлот намудан аст, ки боиси нороҳатии тифл мешавад. Сабаби дуюмаш гурусна мондани кӯдак аст. Сабаби сеюми гиря кардани кӯдак дарди ягон узви баданаш мебошад. Гӯшаш дарк кунад, вақти қапидан ё ламс кардан, кӯдак каме ором мешавад, ё баръакс гиряи сахт мекунад. Шикамаш дард кунад, пойҳояшро ба ин узв, яъне шикам ҷафс мекунад.

Сабаби дигари ғаш кардани кӯдак ноҳинҷории шикам низ буда метавонад. Қисми зиёди навзодон баъди таваллуд дамиш дошта, шиками кӯдак сахт мешавад, бинобар ин, ҳангоми ширхӯри инҷиқӣ мекунад. Вақте ки боди шикамаш мебарояд, тифлак ором мешавад. Сабаби асосии дамиш кардани шиками кӯдак баъди таваллуд ин нӯшокиҳои газдори хунук ва оби хунук нӯшидани модар аст. Ин амали модар кӯдакро дар дохили батн ба илтиҳоби меъда ва рӯда гирифтор месозад. Бо ҳамин сабаб баъди таваллуд шуданаш кӯдак ғизоҳои берун аз батнро ҳал карда наметавонад ва шикамчааш дамиш мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД