Гирдоб (ҚИСМИ 7)
851

Сабр гӯширо гузошту зор-зор гирист. Ҷуръат пайдо карду ба Ҳасан бо ду дидаи гирён асли зиндагии талхашро нақл кард.

Ҳасан якбора модарашро ба оғӯш кашида, дод зад:

- Оҳ очаҷон! Чӣ хушбахтӣ! Худованд ба ҷойи ишқи номуродам ба ман падару додаракамрр баргардонд. Бовар кун, модар, аз хушбахтӣ мехоҳам дод занам.

- Писарам, аммо ин марди қотил падари биологӣ ҳасту халос. Дар ҷанги шаҳрвандӣ чандин одамонро ба қатл расонидааст. Маро аз дар берун карду Ҳусейнро гирифт. Зиндаҷудо кард маро бо писарам. Ӯ падари хуб буда наметавонад.

- Модар, шумо якум бор дар бораи падар гап задед. Ҳамин қадар вақт мегуфтед, ки дар ҷанг падарам гум шудааст ва ман нисбати ӯ тӯли ин солҳо як муҳаббати махсус мепарваридам. Зиқ нашавед. Ман бо шумоям, модарҷон. Ба падарам занг занед, гӯед, ки мо меоем.

Субҳ Хуршед ба хонаи онҳо мошин фиристод. Сабр бо Ҳусайн вориди ҳавлӣ шуду ҳангаш канд аз боигариву ҳашаммат. Ҳусейн бо ӯ сардакак саломуалек кард. Дастархони пурнозу неъмат орост зани Ҳоҷӣ Хуршед. Хуршед Ҳасанро диду гирист. Дили падаронааш гум зад, аммо аз рафтори содиркардааш заррае азоби виҷдон надошт. Сабр пеши зани Хуршед як зани афсурдаву хоксораке буд.

Ҳасан ин ҳама боигарии падарро дида, хурсанд шуд. Аз дил гузаронид, ки мо бо модар тин ба тин зиндагӣ мекардем. Ҳатто то ҳозир ман як телефони мобилии замонавӣ надорам. Ҷӯраҳои ман мошиндор.

Ҳасану Ҳусейн якдигарро оғӯш карда, хурсандӣ мекарданд. Аммо Ҳусейн ҳамоно бо модар дағалӣ мекард.

Ҳасан баъди ба хона баргаштан тамоман хаёлӣ шуд. Модар хавотир гардид. Ҳасан рӯзи дигар бо даъвати падар ба хонаи онҳо рафт ва шаб наомад.

Сабр то субҳ хоб накарда, гирист ва дилаш гувоҳӣ дод, ки Хуршед бо пул дили Ҳасанро меёбад. Хуршед ба Ҳасан гуфт, ки писарам, марҳамат ба хонаи падариат. Аммо модарат шояд ба ту асли воқеаро нагуфта бошад. Ӯро барои сабукпоиаш ман пеш карда будам. Барои ҳамин туро гирифта аз хона фирор карда буд. Баъд мо гуреза шудему Афғонистон рафтем. Хуллас, ман ба ту шарт дорам. Мисли Ҳусейн мошини хориҷӣ мегирам, ҷойи кори хуб медиҳам, хонаи шахсӣ мехарамат, аммо аз модарат муносибататро меканӣ. Майлаш, ман розӣ, ки ҳар моҳ 1000 сомонӣ бурда диҳӣ, то аз гушнагӣ намурад.

Ҳасан лаҳзае сукут кард. Байни пул ва модар қарор дошт.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД