Гирдоб (ҚИСМИ 1)
1113

Вақте Сабр ба дунё омад, модараш сари фарзанд рафту падараш ин сағера сархӯр аст гӯён аз баҳри ӯ баромад. Ӯро ба тарбияи бибиаш гузоштанд.

Бибиаш як умр ӯро азоб медод. Кори вазнини ҳавлӣ ба сари ӯ бор буд. Фақат зани тағояш - раҳматии Манижа ӯро меҳрубонӣ мекарду дилаш месӯхт ва ҳаргиз мисли дигарон “сағераи бе пою қадам” намегуфт. Барояш Сабр лақаб монд янгааш. Аслан номи ӯ Ягона буд дар шаҳодатномаи таваллудаш.

Модараш Фарзона модарзод касалии қалб дошт. Ҳарчанд табибон манъ карданд тавлиди фарзандро, ӯ қабул накард ва ҳомила шуд.

Фарзона ҷавонзани зебои хоксоре буд. Тамоми аҳли деҳа ҳаваси ӯро мехӯрданд.

Падару модар напурсида ӯро ба ҷавони авбоши хеши дурашон ба шавҳар доданд. Шавҳар аз соати аввал “ман занкалон намешавам” гӯён, муште ба таги чашми арӯси нав заду гӯё сиёсаташро шинонд.

Фарзона дар ин хонадон то рӯзи маргаш ғулом буд.

Ягонаро ҳама мисли янгааш Сабр ном мебурданд. Сабр ҳамеша пайти мувофиқ меёфту китоби бадеӣ мехонд. Он солҳо телефони мобилӣ ва интернет набуд. Сабр то синфи 8 хонду дигар бибиаш ӯро ба мактаб рафтан намонд.

Он солҳо ҷанги гражданӣ сар шуду мардум тарсон зану духтарони худро пинҳон мекарданд. Сабр, ки ниҳоят зебо буд, овозааш ба гӯши як қумондон расиду ба хонаи онҳо омад ва ҳатто чизе напурсида, духтарро маҷбурӣ гирифта бурд ба дигар минтақа.

Он солҳо бесарусомонӣ буд. Саг соҳибашро намеёфт. Сабр зани панҷуми Хуршед-командир шуд. Ин мард бисёр бадҷаҳл ва баддаҳон буд. Сабр ҳомила шуду соҳиби дугоник - писарҳо шуд. Якеро Ҳасан ном монданду дигариро Ҳусейн. Хуршед боз як духтари 17-солаи дигареро ба хона оварду гуфт, ки Сабр баромада равад. Сабр тифлаконро гирифтанӣ шуд, аммо Хуршед барояш шарт гузошт, ки якеро мегириву дигариро мегузорӣ ва фаромӯш мекунӣ, ки дугоник доштӣ. Он лаҳза агар Сабр не мегуфт, аз ҳарду кӯдак мемонд. Барои ҳамин бо оби дида Ҳасанро гирифту аз хона баромад. Ҳусейн ин дам хоб буд. Пиёда-пиёда ба як деҳаи наздиктарин расид ва аз як хонаводаи сари роҳ кумак пурсид. Ин зану шавҳар, ки дар ҷанги бародаркуш ду писару келину набераҳояшонро гум карда буданд, онҳоро бо ҷону дил қабул карда, хоҳиш намуданд, ки то оташи ҷанг хомӯш шудан дар хонаи онҳо зиндагӣ кунанд.

Ҳамин тавр, Сабр дар ин хона чун фарзанд монд. Писараш Ҳасан калон шуд. Аз байн 23 сол гузашт. Захмҳо фаромӯш шуданд, аммо доғи фарзанди дугоник Ҳусейн не. Борҳо Сабр ба ҷустуҷӯйи Ҳусейн рафт. Аммо дар он деҳа гуфтанд, ки Хуршед баъди тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ аз ватан фирор карда, ба Афғонистон рафтааст.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД