Arzon march 2024
Генерал Зиёратшоҳ Пирумшо фавтид. Сабаби марг...
1755

 

 

Қалби собиқ сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ғайратшозода Зиёратшоҳ Пирумшо рӯзи 25-июни соли 2020 аз таппидан монд. Сабаби фавт сактаи дил гуфта шудааст.

Ғайратшозода то 1-уми июни соли ҷорӣ дар симмати Сардори Раёсати адлияи ВМКБ ифои вазифа дошт. Аввали моҳи равон бо (хоҳиши худ) ариза навишта, аз мансабаш канор рафт. Пас аз истеъфо аз шаҳри Хоруғ ба зодгоҳаш- деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ баргашт.

Шаммае аз тарҷумаи ҳол

Зиёратшоҳ 15 апрели соли 1957 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ҶТ ба дунё омадааст.

Соли 1964 ба мактаби миёнаи рақами 4-и Рохарв шомил шуда, онро соли 1974 ба итмом расонидааст. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) мебошад.

Моҳи майи соли 1976 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (ИҶШС) даъват шуда, дар шаҳри Владивосток хизмати низомиро адо кардааст. Аз моҳи июни соли 1978 то моҳи августи соли 1987 дар Шўъбаи корҳои дохилии комиҷроияи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар вазифаҳои навбатдори фаврӣ ва муффаттиш фаъолият кардааст.

Аз соли 1987 то моҳи марти соли 1990 иҷрочии Суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ фаъолият намудааст.

Аз моҳи марти соли 1990 то моҳи ноябри соли 1998 дар мақомоти прокуратура ба ҳайси Ёрдамчии калони додситониҳои шахри Хоруғ ва шаҳри Душанбе, прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ фаъолият намудааст.

Аз соли 1998 то моҳи августи соли 2000 ба ҳайси судяи Суди шаҳри Хоруғ фаъолият кардааст.

Аз моҳи августи соли 2000 то моҳи апрели соли 2002 дар вазифаи сардори Ситоди ҲФ ва МГ ноҳияи Ванҷ кор кард.

Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи майи соли 2015 сардори Шўъбаи маъмури-ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси ВМКБ ва роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ адои вазифа намудааст.

Аз моҳи майи соли 2015 то 01-июни соли 2020 дар мансаби сардори Раёсати адлияи ВМКБ ифои вазифа дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2013, таҳти № 1498 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуда, аз 24 августи соли 2017, таҳти № 924 ба ӯ рутбаи дараҷавии "Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3" дода шудааст.

Соли 2018 бо амри Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Зиёратшоҳ Ғайратшоҳзода Пирумшо (Пиров Зиёратшо) унвони хизматии генерал-майори адлия дода шудааст.

Оиладор соҳиби 6 (шаш) фарзанд мебошад.

Ба хотир зикри хайри генерал, Баҳриддин Хоҷаев-мудири гуруҳи фейсбукии "Хӯшае аз ҳар гӯша" чунин сатрҳоро навиштааст: “Ӯ ҳамеша бо чеҳраи хандон ва лабони моил ба табассум дар коргоҳу кӯчаву хона, миёни мардум, назди корафтодагон, ҷаласаву нишастҳо ҳувайдо мешуд.Боре ҳам нашуда, ки касе ӯро ғамгину сарафканда бубинад. Сари болову ғурур дошт, хушмуомилаву хушсухану хушрафтор, хушлибосу хушсавод буд. Хурду бузургро яксон дӯст медошт, агар бо тифле ҳамсӯҳбат мегашт, хиёл мекардӣ, ки ҳар ду дар як рӯзу соат зода шуда, ҳамсоланд.

Марди кор буд, қавли устувор дошт, аз мушкилӣ намеҳаросид, ҳамвора дар такопӯ, ҷустуҷӯ ва ҳалли муаммоҳои зиндагӣ талош мекард”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД