Formula novemver 2024
Гела Шекиладзе: ташаккури зиёд ба мухлисон!
183

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе натиҷаи бозии дӯстона бо тими миллии Непалро шарҳ дод. Ин вохӯрӣ рӯзи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи мо - 4:0 анҷом ёфта буд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Гела Шекиладзе, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст:

- Пеш аз ҳама, ташаккури зиёд ба мухлисон, ки дар чунин ҳавои сарду боронӣ ба варзишгоҳ омада, тӯли 90 дақиқаи бозӣ моро дастгирӣ карданд. Хеле шод шудем. Дар ғалабаи мо нақши дастгирии мухлисон хеле муҳим аст.

Дар мавриди худи бозӣ бошад, мо вохӯриро тавре мехостем, ҳамон гуна оғоз кардем. Тавонистем бозиро махсусан дар нимаи аввал нағз ташкил кунем. Дар қисми дуюм сатҳи бозӣ каме паст шуд. Аммо ин як қисми футбол аст, вақте ивази бозигарон сурат мегирад, чунин мешавад. Ин ҷараёни кор аст.

Мо пеш рафта истодаем, ҳоло бояд бозиро беҳтар кунем. Вақте ки ман ба чашмони бозигарон нигоҳ мекунам, мебинам, ки онҳо муштоқи мубориза ва ғалабаанд. Боварӣ дорам, ки дар рақобати оянда бо тими миллии Афғонистон мо боз ҳам беҳтар хоҳем шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаи навбатии худро рӯзи 19-уми ноябр муқобили яккачини Афғонистон анҷом медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД