Sebiston new 2024 october
Газидани саг дар хоб чӣ таъбир дорад?
3280

Хоҳари ман се шаб пай дар пай хоб дидааст, ки сагҳо ба вай ҳамла карда, аз чанд ҷояш газидаанд. Садақа дода бошем ҳам, то ҳол дилам ором нест. Илтимос, бигӯед, ки газидани саг дар хоб чӣ таъбир дорад?

АНОРГУЛ, аз н. Рӯдакӣ

Посух:

- Газидани саг дар хоб таъбирҳои гуногун дошта метавонад. Тавре дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки саги худаш ӯро газидааст, бо касе аз аҳли оилааш гапаш мегурезад ва суханони нешдор зада, дили ҳамдигарро сиёҳ мекунанд.

Хоб бинед, ки як гурӯҳ сагҳо ба шумо ҳуҷум кардаанд, эҳтиёт бошед, зеро чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида душманони зиёде дорад ва бадхоҳонаш дар сари роҳаш чоҳ кофта, ба ӯ зарар расониданиянд.

Кас хоб бинад, ки саги азиме бо дандонҳояш маҳкам аз банди дасти ӯ доштааст, байни шахси хобдида ва ягон дӯсти наздикаш душманӣ сар мезанад. Саг дасти ӯро газад, душманӣ ошкоро сурат мегирад, вале нагазад, дӯсташ аз пушт ба вай ханҷар зада, ягон сирри ниҳониашро фош намуда метавонад.

Зан хоб бинад, ки саги худашон ӯро газидаасту аз ҷойи газидааш хун шорида истодааст, байни ӯ ва шавҳараш ҷангу ҷанҷол сар мезанад ё ҳамсараш ба ӯ хиёнат карда, дар дили зан захми амиқ мегузорад. Аммо духтари муҷаррад хоб бинад, ки саге бо дандонҳояш аз банди дасти ӯ доштааст, марде ошиқи зораш мегардад ва то ба издивоҷ розӣ нашавад, ӯро раҳо намекунад.

Аз рӯйи хобномаҳои арабӣ газидани саг дар хоб нишонаи ба сеҳру ҷоду гирифтор шудан будааст. Тибқи хобномаи исломӣ бошад, саг дар хоб душман аст ва газиданаш фоли хуб нест.

Газидани саг дар хоб метавонад ҳамчунин нишонаи озурда гаштан аз ягон одами наздики шахси хобдида бошад.

Аммо ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки газидани саг дар хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида дар зиндагӣ роҳи нодурустро интихоб намудааст ва бояд ба роҳи рост баргардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД