Саги зоти шпитс бо лақаби Полли аз соҳибаш Натали Кнауф туҳфаи олиҷанобе гирифт, ки рашки аксари бонувонро меорад.
Сокини Лондон (Англия), ки ба ҳайси заргар кор мекунад, махсус барои ҷонварон гарданбандеро аз 91 адад бриллиант омода намуд. Гарданбанди мазкур беш аз 500000 фунт арзиш дорад, вале Натали бар он аст, ки ҳар нафаре ҷонвари худро дӯст медорад, барояш чизеро дареғ намедорад. Полли гарданбанди қимматбаҳои худро ҳамарӯза намепӯшад ва рӯзҳои онро пӯшиданаш ӯву соҳибаш бо ҳимоятгар мегарданд. Баъди он ки гарданбанди мазкур диққати нафарони зиёдеро ҷалб намуд, Натали ба қароре омад, ки минбаъд аз пайи сохтани чунин ҷавоҳирот хоҳад шуд.