Arzon march 2024
ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ!
2406

Имрӯз, ки ҷаҳон бо  пандемияи коронавирус рӯ ба рӯ гаштааст, аҳли башар бар зидди ин беморӣ муборизаи беамон бурда истодаанд. Дар пайравӣ ба иқдомҳои Ҳукумати мамлакат, хосса ташаббусҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат садҳо нафар ҷавонмардони баномус ташаббус нишон дода, бо кӯмаҳоки моддии худ дар бартараф намудани ин офати давр саҳм мегузоранд.

Бародарон Муҳаммадамин ва Муҳсин Аминов, аз зумраи онҳое мебошанд, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллат иқдоми хайрхоҳона нишон дода, имрӯз дар моҳи шарифи Рамазон ба 150 оилаи ниёзманди ноҳияи Зафаробод ва ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия маводи хӯрока дастрас намуданд. Ин иқдоми бародарон шоистаи дастгирӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди бонанги диёр ва дорои имконот бетараф набуда, ташаббусҳои  хайрхоҳонаи худро дар моҳи мубораки Рамазон ҷиҳати бартараф намудани бемории сироятии  коронавирус амалӣ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД