new banner new years
ГАНДАМОДАР (ҚИСМИ 2)
14.06.2020
Дилошӯб
2980

ИДОМААШ....
Як моҳ Бахтовар ба дӯкон наздик нашуд ва Гулзор хаёл кард, ки ҷавон аз саргузашти ӯ огаҳ шуда, дигар намеояд, вале…

Қарори қатъӣ

Як шоми сарди зимистонӣ Гулзор нав бо холаи Барфӣ хайрухуш карда ба роҳ даромада буд, ки Бахтовар пайдо шуд ва ӯро гусел карда, раҳораҳ гуфт:

-Гулзор, ман як моҳ дар бораи ту ва модарат маълумоти бисёре ҷамъ кардам. Ҳама модаратро сабукпо мегӯянд, вале касе ӯро бо ягон мард надидааст. Туро таъриф мекунанд. Ҳарчанд кӯшиш кардам, туро фаромӯш карда натавонистам. Бароям ту аз ҳама чиз азизтарӣ, бинобар ин, агар розӣ шавӣ, туро ба занӣ гирифта, аз ин бадномиҳо халос мекунам.

-Бахтоварҷон, ман розӣ, аммо волидони ту розӣ мешуда бошанд?-Ҳайратзада посух дод духтарак.

-Инаш кори ман,-ваъда дод Бахтовар ва Гулзорро то наздикии хонаашон гусел карда, баргашт.

         Шӯри қиёмат

Рӯзи дигар вақти хӯроки шом Бахтовар ба падару модараш гуфт, ки хонадор мешавад. Падару модараш бо меҳр ба вай нигариста пурсиданд, ки арӯс аз куҷост.

-Арӯс як духтараки нуздаҳсолаи нозанин, ки дар мағозаи хӯрокворӣ кор мекунад. Дар бисоташ ҳамагӣ як модар дораду халос,- ҷавоб дод Бахтовар.

Модараш номи духтаракро пурсида гуфт, ки баъди як ҳафта дар ин бора гуфтугӯ мекунанд, аммо рӯзи дигар дар хонаи орому осудаи онҳо шӯри маҳшар барпо гашт. Модараш Азизахон зор-зор гириста мегуфт: “Наход дигар одам наёфта ба духтари як фоҳишаи безоти оқипадар ошиқ шавӣ!”

Падараш модарашро оромӣ карданӣ мешуд, вале муаллима ҳеҷ аз аспи ҷаҳл намефаромад. Падару писар диданд, ки намешавад, модаркалонашро оварданд, вале кампир ҳам духтари ба шӯр омадаашро ором карда наметавонист. Бахтовар дид, ки масъала бо хушӣ ҳал намешавад, шарт гузошт, ки агар Гулзорро барояш хостгорӣ накунанд, аз хона баромада меравад...

Ҷавон як ҳафта ба хона наомада дар хонаи тағояш хобид, ин ҳама нобасомониҳоро дида волидайнаш маҷбур шуданд, ки ба хонаи модари Гулзор хостгорӣ раванд. Азизабону ҳеҷ майли рафтан надошт, аз ин рӯ бори аввал модаркалон ба хостгорӣ рафт.

   Хостгорӣ

Модаркалони Бахтоварро Роҳила бо як шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифт, кампири таҷрибаи зиёд андухта медид, ки ин зани лоғарандоми рангзард чӣ дарди ниҳоне дорад. Роҳила бо ширинзабонӣ дили кампирро дар як муддат тасхир карду дар посухи хостгории ӯ гуфт:- Холаҷон, ман медонам, ки дар ҳаққи ман назди волидони Бахтовар суханҳои сиёҳи бисёре гуфтаанд. Ман ҳама гуноҳамро қабул дорам, мебинам ҷавонон якдигарро дӯст медоранд, аз ин рӯ духтарамро ба ин оилаи барӯманду соҳибмаърифат бахшидам. Ман аз Бахтовар дар ду дунё миннатдорам, ки ба ҳарфҳои росту дурӯғи мардум бовар накарда духтаракамро зери пар карданист. Чашмони Роҳила ҳавзи об буданд ва ӯ рози дилашро давом медод:- Ман дар зиндагӣ хатои бисёре кардаам, шояд барои ҳамин Худованд маро ба ҷазои бадтарин гирифтор кард. Имрӯз аз бемории бадфиоли саратон азоб мекашам ва умрам низ кам боқӣ мондааст, мехоҳам тӯйи духтари якаю ягонаамро дида баъд бимирам… Модаркалони Бахтовар ба назди духтараш омада тамоми суханони Роҳиларо барояш нақл кард, Азизабону чашмони аз гиря варамидаашро ба рӯи модараш духта пичиррос зад, ҳаминаш намерасид…

      Тӯй ва азо

Бахтовар ҳар шаб Гулзорро ба хонаашон гусел карда бо ӯ ҳамсӯҳбат мешуд, дукаса нақшаи зиндагии ояндаашонро мекашиданд, ҷавон хурсанд буд, ки волидонашро коре карда розӣ кард, вале духтар азоби рӯҳӣ мекашид. Ӯ медонист, ки падари Бахтовар он қадар пофишорӣ накардааст, аммо модараш тамоман зидди хонадоршавии онҳост. Намедонист, ки ояндаи ӯ дар ин хонадон чӣ гуна сипарӣ мешавад? Пас аз як моҳи хостгории модаркалони Бахтовар тӯйи арӯсии ду дилдода баргузор гашт, тамоми ташвиши тӯй дар гардани модаркалон, тағо ва падари ҷавон буд, Азизабону то рӯзи охирон кор рафта меомаду дасташро ба косаи тар намезад. Рӯзи тӯй ҳам аз қошу қавоқи модари домод барфу борон меборид, Роҳила бошад гӯё чизе нашуда бошад хизмат мекард. Арӯсро ба хонаи бахташ оварданду рӯзи дигар, Роҳила сар ба бистари беморӣ монд. Ҷисми ранҷураш дигар тоқати мубориза бо дарди қаттолро накард, Гулзор арӯсаки чилрӯза буд, ки либосҳои арӯсияшро бо либосҳои азогӣ бадал кард. Ҷанозаи Роҳиларо низ падару тағо ва модаркалони домодаш сарварӣ мекарданд, пас аз марги қудояш Азизабону ба келинаш каме меҳрубон шуд.

  Келини таърифӣ

Гулзор шабу рӯз дар хизмати хусуру хушдоман ва шавҳараш қарор дошт, хушдоман ҳамин қадар кушиш кард кай хоб рафтану кай аз хоб хестани келинашро мушоҳида намекард. Ӯ ёрои ба рӯи хушдоман нигоҳ карданро надошт ва бо сари хам ҳама фармудаҳояшро иҷро мекард. Бахтовар шухӣ-шухӣ дар пинҳонӣ ҳамсарашро Зита ва модарашро янгаи Зита меномид, Гулзор аз ин ташбеҳи шавҳар хушҳолона табассум мекарду мегуфт: Бахтоварҷон, модари ту маро бо ҳама бадномиҳоям, ба хотири ту ба хонааш роҳ додааст. То ҷон дорам хизматашро мекунам, дили Бахтовар ба ҳоли занаш месухт, вале боварӣ дошт, ки рӯзе мерасаду модараш ҳамаашро мефаҳмад. Профессор-бону низ оҳиста-оҳиста ба келинаш меҳр мемонд, вале инро ошкор немекард то он рӯзе, ки ба бистари беморӣ нафтид. Чанд вақт боз Азизабонуро бемории гурдаҳо азият медоду як шаб баъд аз хуруҷи сахти беморӣ ӯро оҷилан ҷарроҳӣ карданд. Гулзор як моҳ аз сари кати хушдоман дур намерафт, танҳо барои як ё ду соат ба хона омада корҳои рӯзгорро ба анҷом расонида хӯроки фармудаи хушдоманро пӯхта боз беморхона мерафт. Бо як нозукии хос нигоҳубин намудани ӯро дида ҳама табибон ба тарбиятгари чунин келин раҳмат мегуфтанд, ҳампалатаю аёдаткунандагон бошанд, таърифи келини мехрубонро ба ҳар ҷо мебурданд. Боре кампири ҳампалатааш ба Азизабону гуфт:-Духтарам келинат аз кадом минтақа аст, ки ин қадар чусту чолок ва меҳрубонаст, магар хохаре чун худаш надорад? Не очаҷон, модари худораҳматияш, ҳамин Гулзорро якаю ягона барои Бахтовари ман тавлид кардааст. Илоҳо гӯраш пурнур бошад! Аз шунидани ин суханон оби чашмони Гулзор дар бари рӯяш шашқатор шуданд ва суханҳои модараш ёдаш омаданд, ки шаби арӯсияш гуфта буд:-Духтарҷон маро бубахш, агар тавонӣ, хоки пойи хусуру хушдоман ва Бахтоварро сурмаи чашмон кун, то ҳамтақдири ман нашавӣ, Худо бахтат диҳад!

                         Узри хушдоман

Азизабону бо ёрии духтурон ва меҳрубониҳои Гулзор сари вақт сиҳат ёфта ба хонааш баргашт. Модари пираш низ барои аёдат омада буду сари хони пурнозу неъмат ӯ келинашро наздаш хонд ва назди ҳама ба оғӯшаш гирифта гуфт:-Гулзорҷон, ман духтар надоштам, Худованд туро барои ман фиристод. Маро бубахш, ки аввалҳо туро зиқ мекардам. Ки медонад, шояд модари ту низ аз рӯи зуромад по ба роҳи каҷ ниҳода буд, ба ҳар ҳол ба касе бадӣ накардаю дили касеро наозурда будааст. Боз ту барин духтари хубро ба воя расонидааст, Худо ӯро бубахшад. Гулзор дар оғӯши хушдоманаш мегиристу шукри бахташ мекард….

                                                   Зебунисои Эраҷ- ноҳияи Панҷ

 

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД